Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Бархе сокинони Душанбе намедонанд, дар куҷо бояд овоз бидиҳанд

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ҳарчанд то интихоботи парлумонии якуми март як рӯзи дигар боқӣ мондааст, ҳанӯз даъватнома нагирифтаанд.
Чанд тан аз сокинони маҳаллаи Ҷомии ноҳияи Синои пойтахт ба “Озодагон” гуфтанд, онҳо ҳатто намедонанд, ки дар кадом ҳавза бояд раъй бидиҳанд. Истиқоматкунандаҳои биноҳои Ҷомӣ-8 ва Ҷомӣ 8/8-и ноҳияи Сино мегӯянд, даъватномаи ширкат ба интихоботро нагирифта ва ҳам намедонанд, ки оё ҳамчун интихобкунанда сабт шудаанд ё не (ин ду бино дар маҷмӯъ ҳудуди 80 ҳуҷра доштааст). Ин дар ҳолест, ки тақрибан 100 метр дуртар аз ин биноҳо ду ҳавзаи интихоботӣ (№ 30, 31 ҷумҳуриявӣ ва 60, 61 шаҳрӣ) мавҷуд аст.
Баҳриддин Ғафуров, яке аз истиқоматкунандаҳои кӯчаи Ҷомӣ-8-и ноҳияи Сино дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, то ҳол даъватномаро дастрас накардааст ва намедонад, дар кадом ҳавза овоз медиҳад. Ӯ афзуд, бори аввал нест, ки онҳоро фаромуш мекунанд: “Чунин ҳолат дар интихоботи президентӣ ҳам рӯй дорда буд. Ба мо даъватнома надоданд ва ҳатто макони овоздиҳиамонро нагуфта буданд, аммо худам рафта пеш аз саршавии интихобот гуфтам, ки ба мо даъватнома надодаанд. Баъдан саросема шуда, боз гап нарасад гуфта, ду духтарро равон карданд ва онҳо даъватнома тақсим карданд”. Номбурда бо таасуф гуфт, ки агар шумораи телефони Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро медонист, занг зада, шикоят мекард.
Наврӯз Файзуллоев, сокини дигари ин бино гуфт, ӯ танҳо ҳамин қадар медонад, ки рӯзи якуми март интихоботи парлумонӣ аст, аммо то ҳол даъватнома барои ширкат дар ин маъракаро дарёфт накардааст.
Дар ҳамин ҳол, Алишер Баротов, сардори кооперативи моликони манзили №56-и ноҳияи Сино ба “Озодагон” гуфт, "ин ду бино давлатӣ буда, дар баланси шаҳр дохил мешаванд". “Ман тамоми сардорони биноҳоро огоҳ карда будам, ки мардумро фаҳмонанд, то ба ҳавзаи интихоботии №-31 биёянд”,-гуфт Алишер Баротов. Баъди он ки хабарнигори “Озодагон” аз ин маҳалла дидан кард, сокинони онро ба рӯйхати иловагии ҳавзаи интихоботии № 31, воқеъ дар Литсейи касбӣ-техникӣ №66-и ноҳияи мазкур ба қайд гирифтанд.
Сардори кооперативи моликони манзили №56-и ноҳияи Сино мегӯяд, ӯ Саодат Мамадқулова, раиси маҳалларо муваззаф карда буд, то сокинонро ҷамъ карда, минтақаи овоздиҳиашонро фаҳмонад. Аммо Саодат Мамадқулова иқрор кард, то ҳол истиқоматкунандагонро огоҳ накардааст: “То бегоҳ ҳамаро хабар мекунам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |