Боздошти се нафар бо иттиҳоми рабудани пули 11 терминал
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти 3 нафар, бо шумули як ноболиғ хабар медиҳад, ки дар дуздии 11 терминали худпардоз муттаҳам мешаванд.
Акбар Шарифов, масъули дафтари матбуотии РУД ба “Озодагон” гуфт, ин се нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳастанд. “Фаррух Ботуров (соли таваллуд 1994), Темур Розиқов (соли таваллуд 1997) ва Ҳоҷиакбар Ҷумъаев, хонандаи синфи 11 дар 11 лаҳзаи дуздӣ гумонбар дониста мешаванд”.
Манбаъ мегӯяд, онҳо терминалҳои худпардози шаҳру навоҳии Хуҷанд (8 терминал), Бобоҷон Ғафуров (2 терминал) ва Ҷаббор Расулов (1 терминал)-ро шикаста, маблағҳояшро рабудаанд: “Оинаву “кэшбокс” ё хазинаи терминалҳоро шикаста, дар маҷмӯъ 21 ҳазору 650 сомонӣ зарар расонидаанд”.
Оқои Шарифов афзуд, дар робита ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ин ҳодисаи аввалини талоши рабудани пулҳо аз терминали худпардоз дар шимоли кишвар нест. Қаблан, Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти як гуруҳи шашнафара хабар дод, ки ҳамчунин дар шикастани чанд чунин дастгоҳ гумонбар мешуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |