Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарон дар Бадахшон
Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз задухӯрди мусаллаҳона миёни марзбонони тоҷику гуруҳи қочоқбарони афғон дар шаби 21 ба 22 феврал хабар дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар яке аз дидбонгоҳҳои тобеи отряди сарҳадии "Ишкошим" як гуруҳи номаълуми қочоқбарони афғон талоши вуруд ба қаламрави Тоҷикистонро кардаанд: “Аммо дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона қочоқбарони афғон ба амалҳои сарҳадбонони тоҷик тоб наоварда, аз торикии шаб истифода бурда, ба тарафи Афғонистон баргаштанд”.
Манбаъ мегӯяд, зимни азназаргузаронии ҷои ҳодиса як силоҳи АКМ-7.62 бо тирдон ва 4 кило маводи мухаддири ҳашишу як камераи резинӣ дарёфт гардидааст: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |