Хутба: Вақти интихоб хидматҳои Президентро ба назар гиред!

Мавлавӣ Маҳмуд, узви Раёсати фатвои Маркази исломӣ ва Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинон даъват карданд, ба мубаллиғоне, ки мегӯянд, агар ба тарафдории ин ё он номзад овоз надиҳӣ, мусалмон нестӣ ё имонат хатчадор мешавад, аҳамият надиҳанд.
Ҳар дуи ин руҳонии тоҷик, ки имрӯз, 27 феврал дар намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе баромад мекарданд, таъкид намуданд, чунин иддао ҳеч асосе надорад, чун ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ дар Тоҷикистон мусалмонанд. Онҳо зикр карданд, ки овоздиҳӣ дар Тоҷикистон озод аст ва ҳар кас ба вакили аз нигоҳи ӯ арзанда овоз медиҳад.
Мавлавӣ Маҳмуд дар идома аз сокинон даъват кард, вақти овоздиҳӣ дар интихоботи парлумонии 1 март хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба назар бигиранд: "Аз ёдатон набароред сарвари Давлат ҷанги хонумонсӯзро аз байн бурд ва то имрӯз чӣ корҳо кардааст?! Ман ки шахсан аз ноҳияи Фархор мебошам, ноҳияи мо як замон 1 масҷиди ҷомеъ ва 11 масҷиди панҷвақта дошт, имрӯз 96 масҷид, аз ҷумла 11 масҷиди ҷомеъ дорад. Аз ин рӯ, хидматҳоро бинед, ки чӣ хидматҳо кардааст."
Ин руҳонии тоҷик мисол овард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар беш аз 4 ҳазор масҷид бозсозӣ шуданду имрӯзҳо алҳамдуллилоҳ касе ба Русия намеравад ва ҳама дар сохтмонҳои дохили кишвар кор мекунанд: "Ин қадар пешравӣ ва ин қадар ҷойҳои кор, имрӯз алҳамдулиллоҳ ҳеч кас Русия нарафтааст ва тамоми мардум ҳоло дар иморатҳо дар ҷойи кор ҳастанд."
Ӯ инчунин илова намуд, “ҳар нафаре, ки дар ин ё он кишвар роҳбар ё ҳукмфармо мешавад, ин бо хости Худост, чун Худо мехоҳад, ки ӯ роҳбарӣ кунад. Мавлавӣ Маҳмуд хотиррасон намуд, “фаромӯш накунед, ки ҳамин мардака мо худамон оварда мондем, ки кишварро ободу миллатро сарҷамъ кунад. Ӯ ба нооромиҳо нигоҳ накарда ба Афғонистону дигар кишварҳо рафт, то давлат обод бошад”.
Ин даъватҳо дар ҳоле садо доданд, ки баъди як рӯз, 1 марти соли равон дар кишвар интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Руҳониёни Маркази исломӣ аз мардуми кишвар даъват намуданд, ки дар ин маърака фаъолона иштирок намоянд. Дар акс: Мавлавӣ Маҳмуд
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |