ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Аз таъини ректору директорон то муовинони нави Қодирӣ (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми феврал дар ҷаласаи ҳукумат як қатор тағйироти кадриро амалӣ кардааст, ки бештари онҳо ба соҳаи маориф дахл доранд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо амру қарорҳои Эмомалӣ Раҳмон тағйироти зерин сурат гирифтанд:
Абдулҳаким Розиқзода - раиси муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Лутфия Абдулхолиқ - ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Идигул Қосимзода - ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода;
Сайъало Мирзоев - директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе;
Алидод Расулов - сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муҳибулло Зувайдуллоев - директори муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе;
Исматулло Шодиев - директори муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Баҳром Исмоилов - директори Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар шаҳри Душанбе;
Ориф Табаров - директори муассисаи таълимии давлатии Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон;
Ҳабибулло Саъдуллоев - директори муассисаи давлатии рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
Фирдавс Усмонов – директори муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сайфиддин Давлатов - сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ба иттилои манбаъ ҳамчунин Назира Ғаффорова, Заробиддин Файзуллозода ва Сулаймон Зиёев бо розигии президент муовинони Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд таъин шуданд.
Дар баробари ин дар мувофиқа бо президент, Ғуломқодир Бобиев – президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Ҳакимхон Валиев - сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Осим Каримов - сардори раёсати маорифи вилояти Суғд таъин гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин Хуршед Муҳаммадзодаро фармондеҳи Қӯшунҳои дохилӣ - узви ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ ва Мадиброн Саидзодаву Озод Юсуповро аъзои ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, аксари кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншуда мутахассисони ҷавон, соҳибмаърифат, забондон ва дорои ҷаҳонбинии муосир мебошанд: “Аз ҷумла, ду нафаре, ки ба вазифаи ректор дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъин шуданд, занони ҷавону фаъол ва болаёқатанд”.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон дар назди кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда вазифаҳои мушаххас гузошта, аз ҷумла таъкид намуд, ки дар мубориза бо коррупсия - падидаи нангини ҷомеа, ҳамеша фаъол бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |