Даҳ соли зиндони як шаҳрванди Тоҷикистон дар Дубай
Додгоҳе дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб як шаҳрванди Тоҷикистонро дар қочоқи беш аз 10 кило ҳероин айбдор ва барои 10 сол равонаи зиндон кардааст.
Ба иттилои хабаргузории “Иморот-24”, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчунин бо амри додгоҳ ба пардохти ҳудуди 14 ҳазор доллари амрикоӣ ҳамчун ҷарима муваззаф шудааст. Гуфта мешавад, баъди адои ҷазо ӯ ба Ватан истирдод мешавад.
Манбаъ мегӯяд, шаҳрванди Тоҷикистон 4 июни соли гузашта ҳангоми ворид шудан ба Дубай аз сӯи кормандони гумрук мавриди бозҷӯӣ қарор гирифта, аз ҷузвдонан беш аз 13,16 кило ҳероин ёфт шудааст.
Дар расона дар бораи ному насаби шаҳрванди Тоҷикистон маълумот дода нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |