Боздошти се тоҷики пиёдагарди "субҳхез" дар марзи Украина
Соати 4:00-и субҳи имрӯз, 26-уми феврал марзбонони Русия се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Узбакистонро боздошт намудаанд, ки пиёда марзро убур карда, аз минтақаи Запселеи Украина ба Горнали Русия гузаштанӣ шудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия дар вилояти Курск боздоштшудагон аз 26 то 50 сол дошта, барои се нафарашон то 2016 ва барои як нафари дигар то 2017 вуруд ба Русия мамнуъ будааст: “Боздоштшудагон аз ин ҳолат огоҳ буданд ва бо вуҷуди ин талош намуданд, ки ба Русия ворид шаванд”.
Ба иттилои мақомоти Русия феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |