Раиси Бадахшон прокурори нави вилоятро муаррифӣ кард
Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон зимни ҷаласа дар шаҳри Хоруғ прокурори нави ин вилоятро муаррифӣ намудааст.
Тибқи иттилои расонаи маҳаллии “Импулс” Шодихон Ҷамшед изҳор доштааст, ки бо фармони Додситони кулли Тоҷикистон, прокурори ВМКБ Наботов Мироҷиддин Ғиёсович таъин гардид.
Ӯ дар ин вазифа Арбобзода Мухамаадхуҷаро иваз намуд, ки дар пайи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амният бо фармони Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов аз вазифа барканор шуд: “Шодихон Чамшед ба Арбобзода Мухамадхҷа, ки таи чанд сол дар ин вазифаи пурмасъулият фаъолият дошт, изҳори миннатдорӣ намуда, барои минбаъд ҳам хизмат намудан дар мақомоти прократура ва таъмини иҷро ва назорат аз болои қонунҳои амалкунанда ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон комёбиҳо таманно намуд”.
Манбаъ мегӯяд, дар маросими муаррифии прокурори нави Бадахшон муовини Прокурои генералӣ, Кишварзода Абдурашид Гуламадшо низ иштирок доштааст ва зимни шиносоии Наботов Мироҷиддин Ғиёсович изҳор доштааст, ки “соли таваллудаш 1963, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатиашро соли 1990 ба сифати коромӯз- ёрдамчии прокурори ноҳияи марказии шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Баъдан вазифаи ёрдамчӣ, ёрдамчии калони ин прокуратура, прокурори прокуратураи шаҳри Душанбе, ёрдамчии прокурор ва муовини прокурори ҳарбии ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, корманди шубъаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, прокурори гарнизонҳои ҳарбии Суғд ва Кӯлоб, прокурори шаҳри Хоруғ ва то ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуданаш, вазифаи прокурори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯхда доштааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |