Бахшҳо

Миллатсозӣ

БАРДОШТЕ ТЕЗИСГУНА Ё ДАР ҲОШИЯИ РИСОЛАИ “НАЗАРИЯИ ЭҲТИМОЛИЯТИ РАВАНДҲОИ СИЁСӢ “-И САЙМУМИН ЯТИМОВ

Ростӣ худро дар ҷойгоҳе намебинам, ки матлабе ба ин муҳимиро ба баҳс бикашам ва ба таъбири роиҷ дар муҳити пажуҳандагон тақризе ба ин матлаб навишта бошам. Аммо ба таваҷҷуҳ ба ин, ки бунмояи дағдағаҳо, талошҳову пайкорҳои ҳамаи зиндагии огоҳонаам ба ин мавзӯъ пайванди ногусастанӣ дорад, ба худ раво мебинам, ки ба сифати дидгоҳи шахсӣ ва ҳосили таҷриба, мушоҳидот, ҷустор ва бардоштҳои худ аз талошҳои сиву андсола чанд нукотро дар ҳошияи ин матлаб рӯи коғаз оварам. Гузашта аз ин ҳарчанд аз нашри ин матлаб чанд муддат сипарӣ шуд, коршиносони риштаи сиёсат ва огоҳони водии миллатшиносӣ намедонам ба чи иллате хомӯшӣ ихтиёр кардаанд. Ҳатто онҳое ҳам, ки санги пуштибонӣ аз арзишҳову ҳуввияти миллиро ба сина мезананд, сокитанд ё ҳадди ақалл нигоштаҳояшонро дар расонаҳои матраҳ намебинем.

Дар оғоз таъкид мекунам, ки ҳар чи дар поён нигошта хоҳад шуд, фақат бо ин ҳадаф рӯи коғаз нахоҳад омад, ки ин ё он нуктае аз матлаби мавриди назарро таъид ё инкор карда бошад. Балки тамоми талош бар он аст, ки бар зарурат, аҳамият ва ниёзи имрӯзи ҷомеаи мо ва ҳатто ҳар як ҷомеаи пасошӯравӣ бо доштани консепсияи миллатсозӣ таъкид сурат пазирад. Ҳамон гуна, ки ин рисола бахше аз роҳкори назарияи миллатсозиро баён дошта банда ҳам дар ин навиштаи кутоҳ ба шакли тезис ба чанд нуктаи ба назарам муҳим ва асоси ишора хоҳам кард.

Бархе назарияпардозон ва ҷомеашиносон ҷаҳони имрӯзро дар асл табдилшуда ба як рустои бузург арзёбӣ мекунанд. Дар чунин муҳите, ки табиист ба ҷомеаи мо ҳам беасар нест ва хатари нобудии ҳуввияту асолати миллат вуҷуд дорад, ба назари инҷониб талош барои ироаи назарияи миллатсозӣ нишон аз талоши пажуҳишгарона ва садоқат ба масъулияти шаҳрвандиву миллии муаллиф мебошад. Нуктаи дигар барои аввалин бор талоши як соҳибмансабе дар ин поя барои ироаи назарияе ба ин муҳимӣ аст. Яъне то имруз мо шоҳиди он будем, ки масоиле аз ин даст бузургро вазирону кабирони кишвар ба баҳсу баррасии ошкоро намекашиданд ва дар ин масир на назарияпардоз, балки бештар муҷрӣ буданд. Ба назарам ин нукта метавонад оғози як давраи наве дар раванди сиёсӣ ва давлатдории миллӣ бошад.

Нуктаи дигар, ки онро мешавад аз дидгоҳе нуктаи қувват шумурд ва аз дидгоҳе нуктаи заъф, бар масъалаи мавриди пажуҳишу канкош аз дидгоҳи амниятӣ нигаристани муаллиф аст. Вақте ҳамзамон бо як пажуҳишгари огоҳ будан масъулияти раҳбари аввали ниходи амниятии кишварро ба дӯш доштани муаллифро пеши назар оварем, бештар аз нигоҳи таҳдидҳо, шеваҳо, роҳкорҳо ва меъёрҳои амниятӣ ва нақши ниҳодҳову созмонҳои берунӣ дар равандҳои дохилӣ баррасӣ шудани мавзуъро ҳолате табиӣ ва боиси боз ҳам ҷаззобтар шудани мавзуъи матраҳшуда ва нуктаи қуввати матлаб талаққӣ мекунем. Аз сӯи дигар ин матлаб муҳри таъид бар ин ҳикмат мезанад, ки бардоштҳо, натиҷагирӣ ва қабули қарор аз ҷониби ин ё он шахс дар мавриди ин ё он қазия бар пояи дидаҳо, шунидаҳо ва хондаҳои он афрод, яъне бар пояи иттилооти дар ихтиёр доштаи онҳо сурат мегирад. Аммо аз ин дидгоҳ метавон нуктаи заъф донист, ки хеле аз масоил вақте бо дидгоҳи амниятӣ аҷин бишавад, метавонад дар дарозмуддат боиси рӯ задани бархе мушкилот гардад, аз ҷумла роҳравони ин роҳро бо тардиду бим рӯ ба рӯ кунад, ниҳодҳои амниятии кишварҳои дигарро нисбат ба қазия ҳассос созад.

Нуктаи дигар кӯшиш барои мушаххас кардани марзҳои хидмату садоқат ва хиёнат аст. Албатта ин маврид дар зимни матлаб чун нуктаи ниҳоне мушоҳида мешавад. Вале ба назар мерасад мушаххас кардани марзу меъёр дар маҳдудаи мафҳумҳои умумбашарӣ ва ахлоқӣ, назири каромат, шарофат, зиндагии амн ва дар айни рифоҳ, таъмини озодиҳо ва фароҳам будани фазо барои рушди ҳамаҷонибаи шаҳрвандон метавонад раванди миллатсозиро суръат бахшаду зарурати назарияи миллатсозиро дар амал собит гардонад. Ҳарчанд дар равандҳои сиёсӣ ин шева ҳанӯз короии худро ба намоиш мегузорад, аммо дигар замони бо такя ба контроли тудаҳо пиёда кардани назарияҳое мисли миллатсозӣ сар омадааст. Агар ин гуна талош пиёда ҳам шавад умри тӯлони нахоҳад дошт ё ҷуз авҷ гирифтани руҳияи миллатгароии ифротӣ монанди фошизм дигар натиҷае ба бор нахоҳад овард. Имрӯз ҷомеае иборат аз инсонҳои огоҳ, озод ва дорои рифоҳи иҷтимоӣ метавонанд ба худу нерӯи созандаи худ эътимоди огоҳона дошта бошанд. Ҳамон тур, ки дар матлаб таъкид шуда, эътимод ва эътиқоди ноогоҳона боиси нобудии беҳтарин арзишҳои ҷомеа мегардад. Ин ҷост, ки муаллиф дуруст таъкид мекунад; "баҳси мо бевосита дар атрофи шуур ё масъалаҳои ба худ хоси гносеологӣ ва онтологии он нест. Балки баҳси мо дар айни ҳол бо ҷанбаи маърифатии шуур равона карда шудааст. Албатта, ҷавҳари шуурро дониш, маърифат ва робитаи бевоситаи диалектикии он бо ҳастии инсон, ҳастии умумиятҳои муайяни этникӣ - омили рушди миллатҳо ва давлатҳо ташкил мекунад. Дар назди шуури миллӣ вазифаи аслӣ, пеш аз ҳама рисолати бузурги миллатсозӣ ва ба ҳамин хотир вазифаи худшиносии миллӣ меистад. Ба таъбири дигар, масъалаҳои гносеологӣ ва онтологии шуури миллӣ бояд бо онтологияи объективии омили миллӣ пайванди ҳаётӣ дошта бошад. Дар ин самт мавриди тадқиқоти ҷиддӣ қарор доштани масъалаҳои давлатдории миллӣ, тибқи мантиқи қонуниятҳои ташаккули низоми нави байналмилалӣ, аз масъалаҳои рӯзмарра маҳсуб мегардад".

Нуктаи дигар таъкид бар зарурати инкишофи илми сиёсатшиносии тоҷик ва аҳамияту роҳҳо ва шеваҳои муваффақи ояндабинии равандҳои сиёсӣ мебошад. Муаллиф бо ишора ба омилҳое, ки дар таъмини манфиати миллӣ нақши калидӣ доранд, аз ҷумла ба омили инсонӣ таъкид дорад, ки воқеан мантиқист. Ҷолибтар аз ин натиҷагирӣ барои ин қазия аст, ки "ҳолати воқеии мактаб, маориф, фарҳанг, раванди шаклгирии маданияти сиёсӣ, ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва динӣ, система, структура ва зарфияти функсионалии онҳо тавъам бо омилҳои муассири минтақавӣ ва ҷаҳонии имрӯз - заминаи ниҳоят муҳим барои хулосабарорӣ оид ба вазъи сиёсӣ дар ояндаи наздик ва дур маҳсуб мегардад".

Ба ростӣ, агар аз ин дидгоҳ ва зовия ниҳодҳои пажуҳишӣ ва стратегӣ ба мавзӯъоти мавриди назар бингаранду баррасӣ кунанд, мутмаинан натиҷа дар ростои таъмини манфиати миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ хоҳад буд. Аммо оё бархурдҳо аз ин зовия аст ё не, баҳси дигарест, ки ин ҷо маҷол барои баррасияш нест.

Аз сӯи дигар баъзан дар берун ҷустани омилҳо ва ангезандаҳои таҳдид ҳам метавонад боиси нодида гирифтани омилҳо ва ангезандаҳои хатар дар дохил бишавад. Нобаробарии иҷтимоӣ, таборгароиву маҳалгароӣ, фишор барои дидгоҳҳо ва эътиқодот, бесаводӣ ва майл ба ифротгароӣ ва падидаҳое аз ин даст метавонад ба маротиб аз таҳдидҳои беруна хатарноктар бошад. Ҳамзамон бо ин як ишораи муаллиф бар ин ки хориҷиён нисбати олимони меҳанпараст бештар ба ходимони дин таваҷҷуҳ доранд низ метавонад ҷои баҳс дошта бошад. Яъне дар ин маврид ҳам омили дохилии қазия бештар муассир аст. Ба иборати дигар ҷойгоҳи иҷтимоӣ ё мавқеи ин ду тоифаро дар миёни ақшори ҷомеа ба назар бигирем ходимони дин асаргузортаранд. Аз ин назар хориҷиҳо, ки мехоҳанд дар афкори умумӣ таъсир гузоранд, огоҳона ба самти ходимони дин мераванд. Пас олимони моро лозим аст худро на аз мардум ҷудо, балки ҷузъе аз мардум бидонанд, ба ниёзҳои маънавӣ ва фарҳангии мардум, ба пурсишҳояш посухи дуруст дода тавонанд.

Як нуктаи дигар, ки мавзӯъи ҷолиб барои баррасиҳои фарогир ва пажуҳишҳои доманадор будаву ҳаст, ҳуввияти миллӣ ва маънавияти миллист. Талошҳои муаллиф барои бозгӯи зарурати ин масоил ва шеваҳои рушду роҳҳои муаррифии он мисли вазъ дар нукоти дигар ҳолати тезисӣ дорад. Ба назар мерасад муаллиф дар ин навиштор барои худ танҳо вазифаи ба таври мухтасар ироаи мавзӯъ ва нукоти муҳим ва калидӣ дар раванди ояндабинии сиёсӣ, миллатсозӣ, манфиати миллӣ, ҳуввияти миллӣ, маънавияти миллӣ, давлатдории миллӣ ва мафоҳиму арзишҳои асосӣ ва бунёдӣ аз ин дастро дар ин матлаб ба дӯш гирифтааст. Ин кор воқеан огоҳона сурат гирифта, зеро он ҳама мавзӯъ ва он ҳам ба ин густардагиву печидагиву муҳимиро намешавад дар яку ду матлаб баррасиву натиҷагирӣ кард. Аз сӯи дигар чун ҳолати тезисӣ дорад бархе мафҳум ба таври возеҳ тафсир ва таъриф намешавад. Ё ба таври дигар бигӯем, бардошти муаллиф аз мафҳум пурра ошкор намегардад. Барои мисол ҳамин мафҳуми характери миллӣ, ки воқеан яке аз мафҳумҳои бунёдӣ барои шинохти миллати мо аст. Дар асл характери миллати мо оё бар мабнои чи меъёрҳое , чи арзишҳое, чи назарияву идеологияе шакл гирифтааст? Оё метавон имрӯз возеҳ гуфт, ки точик дорои чи вижагӣ ва ҳуввият мебошад? Таърифе комил дар бораи ин падида вуҷуд дорад? Ин пурсишҳоест, ки пас аз хондани матлаб дар зеҳни хонанда мечархад. Посухи онҳоро низ ҳамон тавр, ки таъкид шуд, наметавон дар қолаби матлабҳои тезисгуна пурра баён дошт ва фурсату майдону маҷоли бештаре лозим аст.

Ва нуктаи муҳимтарин, ки бояд ба он таъкид шавад, зарурати ба мавзӯъи миллатсозӣ, ояндабинии сиёсӣ ва давлатдории миллӣ аз дидгоҳи пажуҳишӣ нигаристани дигар мансабдорони радаи аввали риштаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар кишвар аст. Агар воқеан чунин як таҳаввулоте рух диҳад, бо камоли бовар метавон гуфт, ки консепсияи бузурги рушди миллат навишта хоҳад шуд. Ин амр аз як сӯ нишонгари тавоноии вазирону кабирон ва то чи андоза дар риштаи худ арзанда будани онҳо мешаваду ҷойгоҳашонро дар диди мардум ба дурустӣ мушаххас хоҳад кард. Беш аз ин боис ба он хоҳад шуд, ки давлатдории миллӣ на бар пояи асаргузории рухдодҳои гузаро, хостаҳои тактикии давлатмардону аҳзоб ва ё манфиатҳои геополитикии бозигарони қудратманди саҳна, балки бар пояи пўишҳои илмӣ, назарияҳои миллатдӯстона ва таҳкимбахши давлатдории миллӣ бошад ва он асоси амалкарди ҳадафмандонаву арзишгароёнаи давлатмардону ҷомеа гардад.

Зафари СӮФӢ, Бишкек
Мӯҳр
Дардошно
Ҳатто онҳое ҳам, ки санги пуштибонӣ аз арзишҳову ҳуввияти миллиро ба сина мезананд, сокитанд ё ҳадди ақалл нагоштаҳояшонро дар расонаҳои матраҳ намебинем.

Зафар ако то замоне ки тафаккури араби ва диди арабгуна дар магзу рухи фард фарди чомеаи мо хоким хаст яхи сукут шикаста нахохад шуд бояд фанни торих чунон амик ва густарда дар омузишгоххои хамагониву олия рохандози бишавад ки накди дин як пажухиши оддие бошад хароина аз дидгохи дин ба фархангсузони торих- мисли аъроб ва нажоди муғули бояд нангарист!!! Дар он сурат акл аз як шутури побаста ба сони хиради кабутарнамои баландпарвоз дармеояд. Сукути донишмандони мо усулан омиле беш аз ин надорад.

Сафар
Зафарчон, чаду чаддихои ман баъди ЧБВ ба Точикистон мухочир шудаги ва ман дар мактабхои точики тахсил карда соли 1978 факултаи филологияи точикро бо бахои аъло хатм карда солхои дароз дар чандин муассисахои ЧТ фаъолият кардам ва худамро точики комилхукук мехисобам, лекин хамсояву хамкору хамкурсонам бо вучуди ифтихори ватандориям маро Сапар туркман хитоб мекунанд ва ман хеч гох хафа намешавам, ватанамро дуст медорам!

Biser bahsi chubu lozimi.Aknun inro (V razvertvennom vidde) kushodan lozim.Na hamchun tezisho e in chel ham shavad?Fahmost ki biser mavzui farogir ast, lekin sacht lozim ast.Hama chiz dar dasti barodar S.Yatimov hast va az u sacht vobastagi niz dorad!( Nazari man ba tavri namuna Chechenistonro giriftan mumkin) Ba hama sarja'mivu muttahidivu chonaoobodiro tamanno mekunam.Dardoshno! On kadar vohima niz lozim nest...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)