(АКС) Тағйироти кадрӣ: Аз вазифаи нави Лангариев то муовинони нави Раҳмонов ва А. Ғоиб
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 26-уми феврал як гуруҳ кадрҳои пешниҳодшуда ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубоиза бо коррупсия, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаро барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон барои таъин ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералӣ номзадии Назарзода Ҳотам Назрулло, муовинони прокурори генералӣ Осимзода Муҳаммад Иброҳим ва Ваҳобов Валӣ Манонович, Муовин - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Сафаралӣ Раҳим ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Манбаъ афзуд, инчунин Наимӣ Аламхони Қодирён, муовини якум Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубоиза бо коррупсия, таъин карда шуд: “Ҳамчунин барои таъин ба вазифаи Раиси Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиа номзадии Лангариев Файзалӣ Салмонович пешниҳод гардид”. Генерал Файзалӣ Лангариев аз хонаводаи маъруфи Лангариевҳо мебошад, ки дар солҳои даргирии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар ҷабҳаи Фронти халқӣ меҷангиданд.
Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр намуд, ки ин тағйирот дар асоси эродҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон садо доданд, сурат гирифтанд: “Роҳбарони аксари воҳидҳои сохтории Прокуратураи генералӣ, прокуророни ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубоиза бо коррупсия аз вазифа озод гардида, ба ҷойи онҳо кадрҳои ҷавону варзида ва соҳибкасб таъин гардиданд. Тағйироти кадрӣ дар мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ин соҳаҳо идома дорад”.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳамаи кормандони мақомоти Прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубоиза бо коррупсия дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ аз аттестатсия гузаронида шаванд: “Зимни сӯҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои масъул пешниҳодшуда, Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан, бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии соҳаҳои мазкур ва муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳидоят намуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |