Бахшҳо

ҶУЗЪИЁТИ боздошти “Мулло Шералӣ”, ки бо кирму қурбоқа табобат мекардааст

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ваҳдат аз боздошти Шералӣ Пардаев, маъруф ба “Мулло Шералӣ” хабар доданд.

Шоми 25-уми феврал, Вазорати умури дохилӣ бо пахши гузорише тариқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон "Мулло Шералӣ"-ро дар мардумфиребӣ ва гумроҳ сохтани сокинон муттаҳам арзёбӣ кард. Ба иттилои манбаъ, ин сокини 37-солаи шаҳри Ваҳдат гӯиё бо баҳонаи табобати бемориҳои безурётӣ, лакнати забон, бемории қанд, чашм ва монанди инҳо ба боварии мардум даромада, аз онҳо маблағ меситонидааст. Дар гузориш гуфта шуд, беш аз 30 нафар ба доми фиреби Шералӣ Пардаев афтидаанд: “Ӯ асосан беморонро бо кирму қурбоқа табобат мекардааст”.

Манбаъ мегӯяд, Шералӣ Пардаев соли 2010 бо ҷурми истеъмоли маводи нашъадор суд шуда, дар соли 2013 барои мардумфиребӣ ҷаримаи ҳангуфт баста шуд: “Вале ӯ ислоҳ нашуда, бо мақсади ба даст овардани молу сарват бо фиребу найрангҳои худ ба дили сокинони шаҳри Ваҳдат ва деҳаҳои ноҳияи Файзобод роҳ ёфта, гуйё мисли ӯ муллои нотакрору табибе нест. Ӯ беморонро бар ивази маблағҳои калону ҷавоҳироти тиллоӣ дуо мехондааст”.

Худи Шералӣ Пардаев дар ин гузориш иқрор кард, ки мақсадаш бо роҳи фиреб ба даст овардани маблағ будааст: “Пули таштоб 40- 80 сомонӣ, боз 400-500 сомонӣ пули бозбанд медоданд. Мақсадам ҳамин буд, ки халқро фиреб кунам, бовар кунанду пула тиянд ҳамон чизи нашадора харида истифода барем”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, “Мулло Шералӣ” беморонро дар ошхонаи канори роҳи Ваҳдат-Душанбе ба дуову табобат фаро гирифта, соҳибони ошхона низ ба ӯ имкон фароҳам овардаанд: “Ӯ бо худ қурбоқаеро оварда нафароне, ки аз иллати безурётӣ муроҷиат мекардаанд, ба онҳо ваъдаи фарзанддор шудан карда, ба тани қурбоқа дуо мехондааст. Барои шифоу мадад беморонро ба гуристону мазорҳо ҳам мебурдааст”.

Дар посух ба ин савол, ки чаро бемороне, ки ба шумо муроҷиат мекарданд, шифо наёфтанд ва чигуна табобат мекардед, боздоштшуда гуфт, “хай бо сураҳои Қуръон ҳам мешавад, хай шифо аз ҷониби Оллоҳ аст, лекин ин як сабаб мешавад-ку тақсир, банда ҳунарашро мекунад”.

Тибқи иттилои мақомоти умури дохилӣ, Шералӣ Пардаев, таълимоти динӣ надошта, аз 9 фарзанди хонавода 7-умин буда, ҳамагӣ то синфи 9 таҳсил кардааст: “Тақрибан 18 сол аст бо аҳли хонавода ва модараш робитаву дидор надорад” .

Модари Шералӣ Пардаев гуфт, борҳо хост писарашро аз ин роҳ баргардонад, вале ба гуфтаҳояш гӯш намедод: “Маро суроғ намекунад, ман ба ӯ гуфтам, ки ту одам нашудӣ гашта дигар хонаам набиё, ман туро оқ кардагӣ, дигар чӣ бигум, ҷазоша судҳо, шумо бидиҳед, аз дастам чизе намеояд”.
Мӯҳр
Ой бародарон ин шахс аз Вахдат нест, он кас аз лакайхои Ёвон мебошад ва инро хануз соли 2001-ум барои хамин хел корхои харомиаш кормандони макомоти хифзи хукук дошта буданд. Дар хамон вактхо, аз руи гуфтахои мардум, хангоми дар боздоштхои мувакати кормандони хифзи хукук пинхони аз вай истифода бурда пул кор мекардаанд. Ин ханнот аз бесаводи ва нодонии мардум суистифода бурда бозори худро гарм карда гаштааст, дигар ин ки макомоти таи ин чанд сол инро медонистанд ва оварда дар ин рузхо онро боз реклама карда монданд.

Вахдати
Хохишмандам дар матн зодаи нохияи Ёвон ва аз халкиятхои гайриточик буданаш кайд карда шавад. Чунки чунин шахсони манфур номи Вахдатиёро бад мекунанд. Ин шахс ба кадом духтаре аз шахри Вахдат хонадор шуда, баъдан худро дар он чо ба кайд мондааст, чунки ин "мулло"-ро модари худаш аз бахраш гузаштааст.

Хамин мардуми чохили моро хуб мекунанд хамин хел каллобхо.
Ба духтуре ки мутахассис мебошад бовар накарда ба хаминхо бовар менамоянд.

манон
Аз вакте дахони домуллохо ва олимхоро бастеду саидмукарамро муфти кардед, ана хамин хел фиребгархо зиёд шуд.

Аз докторхо бовар намондаст О мардум пеши ки равад..?

Шукр ки ин касро аз хизби нахзати ислом нагуфтанд.шукр

Муслим
Бародарон хамаи Шумо дидед, ки ин шахс мулло нест, як каллоби одди аст, пас чаро калиммаи "мулло"-ро ба у часпонидед??

тура
Охир хар чонваре ки пои инсонро газад аз Вахдат нагуед охир мардуми Вахдат дорои ору номус аст аз сайераи дигар наомадааст дар махалгарои эхтиет бошд з а

акнун навбат ба нохияим Вахдати бо ору номус омад.

Санчо.
Озодагон ЧОП намо пештар навиштагиро

Муслим Кулоб
786
Салом миллат, ин озодагонам гулом бдай хдш, кам кам ботини хакикиаш ошкор мешава. Ин ки мулло нес т чиба муло гуфта чопш кадесай, адолат чизи хуб аст, аммо беинсофиро Худо дуст намедопаду зуд расвош мекунад, огох бошен. Бо муллохо чикорт кардаанд озодагон?

Хар як чодугару герчику табибро мулло гуфта муллохоро дар назари мардум ганда кардан гиред. Дигар чиноят нест магар? Порахурии идоранишинону мансабдорону муаллимону духтурон ва гайраву гайраро барои дидан айнак даркор. Аммо муллоро беайнак хам дида мешавад.

Салом бародарон ва хохарон, ман хаминро кайд кардани хастам ки аз кучо будани он шахс ба мо лозим нест, хох аз Ёвон бошад хох аз Вахдат ин хел масаълахоро якчо шуда хал кунем, ва хар як чохилро мулло гуфта ном набарем. Калимаи мулло маънояш доно мебошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)