АI дар бораи сайтбандӣ, ҳаводиси Хоруғ ва шиканҷа дар Тоҷикистон
Созмони Афви байналмилал - АI, бо нашри гузориши ҷадид масоили марбут ба шиканҷа, озодии баён, шароити зиндониён ва озодии анҷуману созмонҳоро дар Тоҷикистон ба миён гузоштааст.
Дар муқадимаи ин гузориш ба ҳодисаи моҳи майи соли 2014 дар Хоруғ ишора гардида, гуфта шудааст, ки дар ин амалиёт 3 нафар кушта ва 5 тани дигар захм бардоштаанд. Дар робита ба даргириҳои моҳи июли соли 2012 омадааст, ки иттилооти қобили эътимод дар мавриди шумораи қурбониён ин қазия вуҷуд надорад.
Ба навиштаи ин ниҳод созмонҳои Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 2013 то 8-уми октябри соли 2014 24 ҳолати шиканҷаро ба қайд гирифтаанд. “Бо вуҷуди ин, бештаре аз наздикон ва ҷабрдидагон аз тарс ба дунболи шикоят нарафтанд. Қазияҳои бештари шиканҷа, эҳтимолан, ба қайд гирифта нашуданд”-омадааст дар гузориш.
Муаллифон навиштаанд, ки дар бисёр ҳолатҳо вакилони мудофеъ ба зерҳимояҳои худ дастрасӣ пайдо намекунанд. “Ин ҳолат ба хусус нисбати боздоштшудагон аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дида мешавад”.
Бар бунёди гузориш Афви байналмилал дар солҳои 2013-2014 алайҳи рӯзноманигорон 15 қазияи додгоҳӣ, аз ҷумла ба иттиҳоми туҳмат ва тақаллуби ҷиноӣ сурат гирифтааст. Дар бахши озодии баёни ин гузориш гуфта шудааст, ки сиёсатмадорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон ба хотири интиқод аз ҳукумат мавриди азият қарор гирифта шуданд. Дар идомаи гузориш омадааст: “Дар давоми сол дастрасӣ ба даҳҳо расонаи электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд шуд. Фароҳамкунандагони интернет бо дастури бевоситаи Хадамоти алоқа дар ин кор даст доштанд.”
Созмони Афви байналмилал инчунин ба мамнӯъ эълон шудани “Гурӯҳи 24” ва боздошти Александр Содиқов дар шаҳри Хоруғ ишора карда навиштааст: “Александр Содиқов зиндонии виҷдон буд”.
Дар охири ин гузориш аз фаъолитяи созмонҳои ҳуқуқи башар гуфта шудааст, ки “онҳо дар муҳити ноамн кори худро идома медиҳанд ва аз сӯи мақомот мавриди фишор қарор мегиранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |