Дар ҳоҷатхонаи автовокзали кӯҳнаи шаҳри Хуҷанд ҷасади як шаҳрванд дарёфт гардид.
Тибқи иттиллои ВКД, ин кас Ҷамшед Иброҳимови 33-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон буда, пас аз истеъмоли аз меъёр зиёди маводи мухаддир ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад, аснои ташхиси ҷойи ҳодиса маводи сахттаъсири ҳероин ба миқдори 0,5 грамм дарёфт шудааст, ки ба шахси ҳалокшуда таалуқ дорад. Оиди ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр