Бонки Миллӣ ҳаҷми рублу доллари муҳоҷиронро эълон кард
Бонки Миллии Тоҷикистон дар пасманзари норӯшаниҳои бозори нақд эълон доштааст, ки дар соли 2014 ба ҷумҳурӣ 3,9 миллиард доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 8,3 фоиз кам аст.
Ин ниҳод мегӯяд, аз ҳаҷми умумии маблағе аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, қариб 90 фоизашро рубл ташкил медиҳад: “Аз ҳаҷми умуми маблағҳое, ки аз Федератсияи Русия ба ҷумҳурии мо ворид шудаанд, 89,1 фоизро рубли русӣ, 10,8 фоизро доллари ИМА ва 0,1 фоизро Евро ташкил медиҳад”.
Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки коҳиши бесобиқаи нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва таҳримҳои сиёсию иқтисодии давлатҳои Ғарб нисбати Русия ва таъсири онҳо ба паст шудани суръати рушди иқтисодиёт, кам гардидани ҷойҳои корӣ дар ин кишвар ва беқурбшавии ниҳоят зиёди қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА оварда расониданд: “ Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, қисмати зиёди муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар кор мекунанд ва онҳо тавассути бонкҳо, бе кушодани суратҳисоби бонкӣ бо рубли русӣ маблағи зиёд интиқол медиҳанд”.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз, 25-уми феврал қурби доллари амрикоӣ дар Душанбе то ба 6,0 ва 1000 рубли русӣ ба 95 сомонӣ расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |