Боздошти як масъули маркази саломатии Исфара бо иттиҳоми гирифтани пора
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти мудири шӯъбаи амрози дохилаи маркази саломатии шаҳри Исфара хабар додааст.
Акбар Шарифов, масъули дафтари матбуотии ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, Ф.К.-и 47-сола дар гирифтани пора муттаҳам мешавад. Ба иттилои ӯ, дастгиршуда 13 феврали соли равон аз як сокини 47-солаи маҳаллӣ, барои ба комиссияи хадамоти давлатию тиббӣ-ташхисии иҷтимоӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои гуруҳи маъюбиаш дар ҳаҷми 1500 сомонӣ ҳамчун пора талаб кардааст: “24 феврал зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ аз тарафи Шӯбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилаи ВКД дар Суғд дар утоқи кориаш ҳангоми гирифтани 800 сомонӣ боздошт шуд”.
Боздошти ин нафар бо иттиҳоми талаби пора ҷиҳати пешниҳод кардани аснод барои гуруҳи маъюбии сокини маҳалии Исфара дар ҳолест, ки ахиран мавзӯи нафақахурҳои тақаллубӣ дар ҷомеа матраҳ аст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам рӯзи 17 феврал дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар ба ин масъала дахл кард. Ӯ номи чанд нафарро гирифт, ки тариқи сохтакорӣ нафақаҳои ҳангуфти маъюбӣ дарёфт мекардаанд ё аз номи нафари фавтида маблағи бознишастагӣ мегирифтаанд. Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, Оҷонсии мубориза бо фасод таъини нафақаи маъюбӣ дар солҳои 2012-2014-ро санҷида, камбудиҳои ҷиддӣ ошкор кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |