Худкушии марди 65-сола ва зани 44-сола дар Суғд
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ду ҳолати даст ба худкушӣ задани сокинон дар шимоли Тоҷикистон хабар дод, ки оғози ҳафтаи равон ба қайд гирифта шудааст.
Манбаи “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфт, ҳодисаи якум дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст: “Сокини 65-солаи шаҳри Қайроққум С.А. (ҷинсаш мард) ба ҷони худ қасд карда, худро ба дарахти зардолу, воқеъ дар қаламрави ҷамоати Унҷии ҳамин ноҳия овехтааст”.
Ба иттилои манбаъ, ҳолати дуюми худкушӣ дар ноҳияи Конибодом сабт гардидааст. Г.М.-и 44-соларо дар манзили истиқоматиаш дар ҳолати овехта пайдо кардаанд. “Мақомоти дахлдор сабабҳои даст ба худкушӣ задани онҳоро муайян мекунад”,- илова намуд, манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |