Зойиров: Раиси Рашт ба номзади ҲСДТ таҳдид кардааст...

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон, бо нашри як муроҷиатнома ба номи раиси КМИР -- Шемуҳаммад Шоҳиён аз фишор ва қонуншиканиҳои раисони ноҳияву шаҳрҳо нисбати номзадони ҳизбаш изҳори нигаронӣ кардааст.
Ҷаноби Зойиров бо нашри муроҷиатномае дар саҳифаи Фейсбукаш 25 феврал таъкид намудааст, таҳдид ба саломатӣ ва ояндаи номзадони ҳизбаш авҷ гирифтааст: “Раиси ноҳияи Рашт, Қаноатшо Лоиқов рӯирост номзад ба вакилии МН МО ҶТ аз руйхати ҲСДТ Фарҳод Худоёровро ба назди худ даъват карда, шаъну шарафи ӯро паст зада, нописандӣ карда, аз ӯ талаб мекунад, ки ариза дода номзадияшро бозпас гирад, аз ҲСДТ барояд, набошад ӯро пас аз интихобот кори ҷиноятӣ оғоз карда, маҳкам мекунанд”.
Ба навиштаи Раҳматилло Зойиров, дар пайи ин амали раиси ноҳия кормандони мақомоти давлатӣ ва комиссияҳои интихоботӣ нисбати номзади ҲСДТ, Фарҳод Худоёров ва шахсони боэътимоди ӯ хунукназарона муносибат мекунанд ва барои тарғиботу ташвиқоти ӯ, ки қонунгузорӣ кафолат додааст, маҳдудиятҳо ба миён меоваранд. Зоиров аз КМИР хостааст, барои фаъолияти пешазинтихоботии Худоёров шароити қонуниро таъмин кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |