“Рекордшиканӣ” ва қурби "пасипардагӣ"-и $ дар Тоҷикистон
Қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон боз боло рафта, феълан як доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба ивази 6,0 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки расман қурби доллар дар лавҳаи нуқтаҳои мубодилаи асъори маркази шаҳри Душанбе-583-585, дар маҳаллаи Саховату Корвон аз 5,88 то 5,92 сомонӣ нишон дода шудааст. Аммо ба гуфтаи харидорони доллар, ки 25 феврал бо “Озодагон” суҳбат доштанд, саррофон зимни фурӯш барои як доллар 6,0 сомонӣ талаб доранд. Хабарнигори “Озодагон” низ барои ошноии бештар бо вазъи бозори нақд ба нуқтаҳои мубодилаи асъори назди Фурушгоҳи марказии Душанбе муроҷиат кард, вале натавонист, ҳатто бар ивази 5,95 сомонӣ як доллари амрикоиро харидорӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол қурби 1000 рубл дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе аз 93, 5 то 94 сомониро ташкил медиҳад.
Қаблан Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар мавриди дурнамои қурби асъори хориҷӣ дар кишвар гуфт, ки пешгӯии он душвор аст. Ба гуфтаи ӯ қурби асъор дар бозори нақди кишвар аз омилҳои берунӣ, аз ҷумла нархи нафт ва буҳрон дар кишварҳои шарики Тоҷикистон, аз ҷумла Русия вобастагӣ дорад: “Пешгӯии дарозмуддат кори душвор аст ва ҳатто кишварҳои Аврупо наметавонанд, дурнаморо дақиқ пешгӯӣ кунанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |