Ӯ гуфт, “ҲНИТ ният дорад, баъд аз интихобот барномаи мушаххасеро дар ҳамкорӣ бо аҳзоби сиёсӣ, ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муаррифӣ кунад, ки чигуна мо тавонем, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа бо ифротгароӣ, аз ҷумла ифротгароии мазҳабӣ муборизаи беамон барем ва миллату кишварро аз ин вабои аср дар амон нигаҳ дорем”.
Ба гуфтаи раиси ҲНИТ, мубориза алайҳи ифротгароӣ танҳо кори як ҳизб ё ҳукумат набуда, бояд тамоми неруҳои сиёсию мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ин масъаларо муҳим шуморида, барои муқобала бо он камар бубанданд: “Тавре дар вохуриҳо маълум шуд, ин масъала аксари онҳоро нигарон кардааст, вале мутаасифона баъзе аз онҳо бидуни огаҳӣ аз асли қазия дини Ислому мусалмонон ва аҳзоби сиёсии диниро гунаҳкор медонистанд. Вале на бояд фаромуш кард, ки читавре Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои дохилию байналмилалӣ таъкид кардааст, Ислом ҳеч рабте ба ифротгароию терроризм надорад ва террористҳо на Ватан доарнду на дин ва на миллат”.
Муҳиддин Кабирӣ дар идомаи суханронии пешазинтихоботии худ даъват кард, барои рушд ва пешрафти соҳаи маорифи Тоҷикистон аз таҷрибаи бойи Ҷопон истифода шавад. Ӯ гуфт, далели аслии пешравии имрӯзаи ин кишвар таваҷҷуҳи саривақтии масъулини он ба соҳаи маориф ва илм мебошад. “Ҷопон баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон тамоми грантҳои давлатҳои хориҷро ба соҳаи маориф ихтисос намуд. Ҳарчанд баъзеҳо гуфтанд, онҳоро бояд барои рушди иқтисод ва бозсозии корхонаҳо равона кард. Вале ҷопониҳо, ки имкониятҳои аввали кишвари худро баъд аз ҷанг на ба рушди иқтисоду ободии харобазорҳо, балки ба маориф сарф карданд ва баъд аз 5 сол соҳаи маорфи онҳо рушд карда, худи ҷопониҳо кадрҳое тарбия карданд, ки ба ҷаҳониён дарс мегӯянд”,- афзуд ӯ.