Ҳафиз Холиқзода: “Бояд мақолаҳои мо мушаххасан номбар шавад, ки монанд ҳастанд ба мақолаҳои “фабрикаи ҷавоб”. Мо на танҳо дар расонаҳои давлатӣ, балки дар расонаҳои мустақил ҳам чоп мекунем. Ва ҳатто як суҳбате бо масъулини расонаҳо доштем. Мо ба онҳо гуфтем, моро пазиред, бо мо ҳамкорӣ кунед. Ҳатто як маводи моро на “Нигоҳ”, на “Озодагон” нашр накард. “ИмрӯзНюс”, ки як муддат нашр мекард, он ҳам қатъ кард. Борҳо дархости мо рад шуд аз тарафи расонаҳои мустақил ва эҳсос мекунем, дар як вазъияти шадиди муҳосира аз тарафи расонаҳо қарор дорем. Мо дар мавриди ташкил ва вуҷуди оппозитсиюни созанда ҳам шояд яке аз ташаббусҳои аввалинро нишон додем. Дигар, дар расонаҳои давлатӣ ҳам суннати танқид карданро ворид кардем. Ин чизҳое аст, ки дар мақолаҳои марбути “фабрикаи ҷавоб” аслан вуҷуд надоранд”.
Озодагон: Яъне, Шумо комилан рад мекунед, ки “фабрикаи ҷавоб” нестед?
Ҳафиз Холиқзода: “Мо аслан нестем. Агар нафароне, ки ҳамин гуна назар доранд, гӯянд далелу бурҳонашонро. Ягон нафари мо дар пайи он нест, ки аслан мақолаи мустаъор нависад. Муваффақияти мо ин аст, ки фақат бо номи худ менависем. Масъали дигар ин аст, ки мо фақат бо ҲНИТ не, балки бо баъзе мақомоти давлатӣ низ дар бархӯрд ҳастем. Назари мо ин аст, ки дар давлати дунявии Тоҷикистон калавиши идеологӣ вуҷуд дорад”.
ҲИЗБҲО ДИГАР НАМЕТАВОНАНД МОДЕЛИ РУШД ПЕШНИҲОД КУНАНД
Озодагон: Шумо ҷонибдори он ҳастед, ки дин бояд сиёсӣ набошад, вале арзишҳои динӣ дар шакли як институт дар ҳуввияти мо ҳузур доранд. Бештари назарияпардозон ҳам мегӯянд, ки ба хотири дучори мушкилот нашудан мо бояд муколамае дошта бошем, ки ҳарду ҷонибро бо ҳам созиш бидиҳад, то ба пешрафт бирасем. Билохира, мақсади ҳамаи мо пешрафт аст, ё не?
Ҳафиз Холиқзода: “Ман ҷонибдори он ҳастам, ки муколама бошад, вале берунтар аз баҳси дин, чунки дар сурати ворид шудани дин дар баҳси сиёсӣ, иқтисодӣ кадом моделе аст, ки мо ӯро қабул карда тавонем. Бубинед, дар ҷомеаҳои исломӣ чӣ модел вуҷуд дорад, ки мо метавонем онро қабул кунем? Дар кишварҳои арабие, ки низоми исломӣ надоранд. Умуман, ҳизби исломии сиёсӣ вуҷуд надорад. Фарзи мисол, дар давлати исломии Арабистон ва Қатар ҳизб вуҷуд надорад. Дар давлати исломии Эрон ҳизби сиёсӣ вуҷуд надорад ва баҳсе, ки Рафсанҷонӣ сар карда буд аз ҷониби худкомаҳои сиёсӣ қатъ шуд. Чун ӯ гуфта буд, ки мо бояд ду ҳизби сиёсӣ дошта бошем, то ки давлати исломии мо пойдор монад. Дар таҷрибаи ин кишварҳо модел вуҷуд надорад. Дар таҷрибаи Покистон ҳизбҳои исломии сиёсӣ берун аз фаъолияти расмӣ ҳастанд ва ифротгароӣ ба андозаи хеле бузург аст. Дар Афғонистон зиёда аз 20 ҳизби сиёсӣ бар пояи Ислом вуҷуд дорад ва ҳар кадоми онҳо даъвои ҳақиқати мутлақ мекунанд. Масалан, дар байни ҳизбҳои “Содот”, “Ҷамоати исломӣ”, “Ҳизби исломии Ҳикматёр” ва дигарон даъвои мутлақият мекунанд. Ҳамин гуна як моделе, ки бар пояи эътиқоду дин оварда шавад, вуҷуд надорад. Туркия то ба наздикӣ як кишвари дунявӣ буд ва имрӯз, ки оҳиста –оҳиста ба як кишвари исломӣ табдил меёбад. Айни ҳол мо дар мавриди имкониятҳову дастовардҳои ин давлати дунявӣ, ки дар асри 20 дошт дар ҳамин маврид тасаввур дорем. Дар ояндаи наздик ба кадом вазъият дучор мешавад, маълум нест. Кишвари Молези мисли як пойгоҳи иқтисодии кишварҳои абарқудрат аст. Дар ин кишвар модели исломӣ ба хотири нигоҳ доштани ҳуввият аст. Модели исломӣ на дар сиёсат ва на дар иқтисод аст”.
МО АТЕИСТОНИ ҶАНГАНДА НЕСТЕМ
Озодагон: Имкон дорад, ки ин модел сохта шавад? Як моделе, ки на ба сӯи мухолифатҳову чолишҳо, балки моро ба пешрафт бирасонад?
Ҳафиз Холиқзода: “Пешниҳоди мо ин аст, ки Тоҷикистон як модели хос дошта бошад, чун барои ин заминаи таърихӣ ва фарҳангӣ дорад. Тоҷикистон кишваре аст, ки фарҳанги бисёр амиқ, фалсафӣ ва устувор дорад. Дар инҷо миёни мардум истиқлолхоҳӣ, озодихоҳӣ ва фардгароӣ вуҷуд дорад. Агар ба оини Ҷамшед баргардем аввалин нафаре аст, ки дину давлатро аз ҳам ҷудо кард. Мо ҳам имконияти фарҳангӣ ва ҳам таърихӣ дорем, ки як модели хосе созем, ки дин бигзор кори фардии ҳар нафар бошад. Тамоми гуруҳҳои сиёсии мо берун аз дин фаъолият кунанд. Мафҳуми ҳизб чӣ аст? Партия чӣ аст? Модели рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ аст. Модели ҳизби сиёсӣ чӣ аст? Модели мазҳаб аст. Баҳсҳое, ки имрӯз ҳизбҳои мо мекунанд дар чорчӯбаи моделҳои мазҳабӣ ҳастанд. Яъне, моделӣ мо бояд куллан дунявӣ бошад”.