Ҳавои сард ва майдони сунъӣ. Шонси “Истиқлол” барои пирӯзӣ бар ҳариф?
Аюб Баргом, мураббии тими “Эрбил”-и Ироқ дар нишасти хабарии қабл аз оғозӣ бозӣ бо дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон, аз ҳавои сард ва майдони сунъӣ изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ дар ин нишасти хабарӣ, ки имрӯз 24 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, гуфт, “ҳаво барои бозӣ хеле номусоид омад, ки ин на танҳо барои тими мо, балки барои тими шумо низ мушкил хоҳад буд”.
“Эрбил” ва “Истиқлол” дар доираи даври гуруҳии Ҷоми КФО-2015 бо ҳам қувва меозмоянд. Ин дидор 25 феврал, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Аюб Баргом мегӯяд, дар мавриди дастаи “Истиқлол” маълумоти зиёде надорад, аммо медонад, “тими “Истиқлол” таҷрибаи хуби бозӣ дошта, пурқувват аст”. Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол” дар навбати худ гуфт, “мо медонем, ки дастаи “Эрбил” хеле пурқувват аст ва мо аз тавонмандии он огоҳ ҳастем ва ҳамаи маводи лозимаро дар мавриди бозии ин даста омӯхтем”.
Вақте Саад Абдул-Амирӣ, капитани дастаи “Эрбил” аз майдони сунъӣ нигаронӣ карда, гуфт, онҳо ба ҷуз ду соат тамрини рӯзи гузашта боре дар чунин майдон бозӣ накардаанду, “шояд бозӣ дар майдони сунъӣ барои мо мушкил пеш биёрад”, Мубин Эргашев афзуд, ҳарчанд барои дастаи ҳариф бозӣ дар майдони сунъӣ мушкил бошад, “ин барои мо шонс нест”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |