Зимнан, дар рустои Искодари ноҳияи Айнӣ бо иштироки райисҷумҳур зеристгоҳи 220-киловолтаи Айнӣ ва хатти 220 киловолтаи интиқоли нерўи барқи Хуҷанд-Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Тавре зикр гардид, бунёди ин зеристгоҳ ва ба масофаи 83 км кашидани хатти 220 киловолтаи Хўҷанд - Айнӣ моҳи июли соли 2010 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд ва имрўз 5 моҳ пеш аз мўҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо вуҷуди он, ки қисмати зиёди хат аз болои қаторкўҳҳои баланди ҳамеша барфпўш мегузарад. Кунун мардуми ноҳияҳои водии Зарафшон – Кўҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент пурра бо нерўи барқи истеҳсоли ватанӣ таъмин мегарданд.Тавре иттилоъ дода шуд, ин зеристгоҳ ва хатти 220 киловолтаи Хўҷанд Айнӣ бо харҷи 37 миллион доллари амрикоӣ бо истифода аз техникаю технологияи навтарини ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст. Аз деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ президенти кишвар ба деҳаи дурдасти Роғи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, ки 80 км аз маркази ноҳия дур қарор дорад, ташриф оварда, бо кори намунавии картошкапарварони он наздик шинос шуд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |