Носирҷон МАЪМУРЗОДА
Танҳо давоми як соли гузашта ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар бораи 33 мавриди дузанагӣ шикоятҳо расидааст. Милитсия мегӯяд, ки бисёрникоҳии ин 33 мард асосан дар натиҷаи ҷанҷолу кашмакашҳои занони якуму дуввум ва шикояти онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор шуда, ин мардҳо бо айби «дузанагӣ ё серзанагӣ» тибқи моддаи 170-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба муҷозот кашида шуданд.
Дар байни «дузанаҳо» ягон нафари мансабдор набудааст.
Чаро Муҳайё зани дуюм шуд?
Муҳайё (номи қаҳрамон иваз карда шудааст), зани 36-сола аз шаҳри Қӯрғонтеппа, шаш сол қабл бо амри волидон бо марди зану фарзанддоре издивоҷ кард. Никоҳи Муҳайё дар қайди давлатӣ нест, чун вай ҳамсари дуввум ва ғайрирасмии шавҳараш будааст. Бо гузашти чанд сол аз бастани никоҳи мусалмонӣ ва ҳамзистӣ бо шавҳараш, Муҳайё соҳиби ду фарзанд шуда, дар хонаи иҷора умр ба сар мебарад. Аммо ҳоло, ба гуфтаи вай, шавҳараш аз таъминоти ӯ ва фарзандонаш даст кашида, мехоҳад никоҳи исломиашро ҳам бибурад.
Муҳайё бо шунидани тасмими шавҳараш, ки мехоҳад ӯро талоқ диҳад, бемору бистарӣ шуда, ҳоло намедонад чӣ кунад ва бо кӯдакони хурдсолаш ба куҷо биравад. «Ман касал ҳастам, нав аз беморхона фориғ шудам, талхаамро гирифтаанд. То ҳамин рӯз ба ягон мақомот муроҷиат накардам, ки боз фардо аз мо хатое содир нашавад, ба ин умед, ки аз фикраш бармегардад. Қаҳри одамӣ аст, шояд паст мешавад, шояд боз фарзандонашро нигоҳ мекунад. Лекин чанд моҳ мешавад, ки зери таъсири зани аввалааш, моро суроғ намекунад. Ман даъво намекунам, ки оилаи якумаш ҳам вайрон шавад, аммо ҳаёт як бор меояд, ба ман ҳам оилаи солим лозим аст, ба ман чизу пул даркор нест, ҳаёти худ ва кӯдаконам хуш гузарад, кофист», - афзуд Муҳайё.
Талоқи зани дуюм ба хотири карйера?
Ба иддаои Муҳайё, барои фарзандонаш тарбияи падар зарур аст ва ҳамчунин бори гарони таъминоти оила барои ӯ дар оянда вазнин хоҳад буд. Аммо азбаски никоҳи ӯ дар шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ба расмият дароварда нашудааст ва кӯдаконаш ҳам шаҳодатномаи таваллуд надоштаанд, риояи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳамсарашро намедонад аз кадом роҳ талаб кунад.
Бо ин ҳол, ҳамсари Муҳайё, ки бояд ояндаи наздик ба як вазифаи нав таъин шавад, ба хотири карйерасозӣ ва ба истилоҳ, «суғуртаи кори худ» гуфтааст, ки аз зани дувумаш даст хоҳад кашид. Зеро вай шояд медонад, ки моддаи 33-и Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон бисёрникоҳиро мамнӯъ дониста, тибқи банди 170-уми Кодекси ҷиноятии кишвар, барои «дузанагӣ» ё «серзанагӣ» ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Ошкоршавии 33 мавриди дузанагӣ
Муҳайё аввалин ва ягона бонуи тоҷик нест, ки зани дуввуми марде шудааст. Коршиносон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон мегӯянд, ки бисёрникоҳӣ дар баъзе шаҳру навоҳии минтақа ба истилоҳ, «гапи нав» нест. Зеро танҳо дар соли 2014 дар вилояти Хатлон 33 мард бо иттиҳоми бисёрзанӣ ба муҷозот кашида шудааст.
Подполковник Офоқ Қодириён, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки дар бештари маврид масъалаи ду зан доштани мардҳо ҳангоми ҷанҷоли занони онҳо фош мешудааст. «Асосан ҳамон ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаву парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз мегарданд, ки шаҳрванд бо ду ва ё зиёда аз он зан хонадорӣ мекунад, хоҷагии якҷоя мебарад, аз тарафи яке аз занҳояш арзу шикоят ба ин ё он мақомот ворид мешавад. Зимнан, азбаски қонун бисёрникоҳиро манъ мекунад, нисбат ба чунин афрод парванда боз шудааст», - афзуд роҳбари дафтари матбуотии Раёсати ВКД дар Хатлон.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои прокуратураи вилоят, ҷиноятҳои марбут ба бисёрникоҳӣ бештар дар шаҳри Қӯрғонтеппа, навоҳии Ҷалолиддини Румӣ, Шаҳритус, Қубодиён ба қайд гирифта мешаванд ва тибқи таҳлилҳо, асосан соҳибкорон, муҳоҷирони кории ба ватанбаргашта ва афроди сарватманд бо чанд зан зиндагӣ мекардаанд.
Мақомоти судӣ ҳам иқрор мекунанд, ки вақтҳои охир баррасии парвандаҳои марбут ба «дузанагӣ» як амри маъмулӣ шудааст. Аммо Муҳаббат Азизӣ, раиси Суди вилояти Хатлон, дар яке аз нишастҳои матбуотиаш гуфт, ҳеҷ нафар аз онҳое, ки дар бисёрникоҳӣ айбдор шудаанд, мақоми баландпоя ё шахси мансабдор набудааст.
Ҳастанд ин хел парвандаҳо, кам нестанд, - афзуд М. Азизӣ. - Аммо ин ки оё нисбат ба ягон шахси мансабдори калон бо ҳамин гуноҳ парвандаҳо ба суд расидааст ё не, то ҷое медонем, ин хел парванда нест. Лекин ҳоло мегӯянд, ки дар парлумон ва доираҳои коршиносони кишвар ҳамин гуна таклифҳо шудааст, ки моддаи «дузанагӣ ё серзанагӣ» аз кодекси ҷиноятӣ гирифта шавад. Ҳар гуна баҳсҳо рафта истодааст. Аммо ҳоло, ки чунин модда дар кодекс мавҷуд аст, дузанагӣ ҷиноят ҳисоб мешавад.
Сабабҳои рӯ овардан ба дузанагӣ чист?
Дар шарҳи сабаби афзоиши бисёрзанӣ дар вилояти Хатлон чанд омил зикр мешавад. Нахуст, пайомади ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум, ки ҳазорҳо зан бешавҳар ва даҳҳо ҳазор кӯдак бепадар шудаанд. Гузашта аз он, феълан шумори зиёди ҷавонон ва мардони қобили кор дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар ҳастанд ва бахши аъзами онҳо ҳанӯз оиладор нашудаанд. Ва низ, бар тибқи омори расмӣ, шумори занон дар миёни аҳолии вилояти Хатлон як каме аз мардон бештар аст.
Ба иддаои Латофат Чориева, коршиноси масоили гендерӣ, агар барои дузанагӣ одамонро ба муҷозот бикашанд, пас, лозим меояд, ки ҳар чаҳорум ё панҷум мард ҷазо бигирад. Аммо гурӯҳе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ба хотири таъмини иҷтимоии хонаводаҳо, саробонии кӯдакони ятим, ҷилавгирӣ аз афзоиши фисқу фасод ва дар ҳоле ки дини ислом инро манъ накардааст, мебояд дар масъалаи манъи бисёрникоҳӣ дар Тоҷикистон таҷдиди назар карда шавад.
Ҷазои дузанагӣ: то 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ҳабси 6-моҳа
Бо ин ҳол, қонунҳои Тоҷикистон бисёрникоҳиро ҷиноят мешуморанд. Дар моддаи 33-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «…Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст». Ба ғайр аз ин, агар ошкор гардад, ки марде бо ду ва ё якчанд зан зиндагонии муштарак дорад, вай бояд аз 40 то 80 ҳазор сомонӣ ҷарима пардозад, ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба муҳлати то ду сол, ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то панҷ сол, ё бо ҳабс ба муҳлати аз се то шаш моҳ ҷазо дода шавад (моддаи 170-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Вале маълум нест, ки баъд аз суд тақдири минбаъдаи марди дузана чӣ мешавад? Баъди адо кардани ҷазо вай чӣ кор бояд кунад: Аз ҳамсари дуввум ва фарзандонаш даст кашад, оилаи дуввумаш бояд ҳатман барҳам зада шавад? Ё баъди адои ҷазо ӯ метавонад бидуни мушкил дар як вақт бо ду зан оиладорӣ бикунад?
Ин саволҳои кушода аст.
Аммо як судяи Суди вилояти Хатлон гӯшакӣ гуфт, ки «шаҳрванд барои содир намудани як ҷиноят ду бор ба ҷавобгарӣ кашида намешавад»…