Дастури Президент: То интихобот "лимит" пурра лағв мешавад
Ширкати “ Барқи тоҷик” эълон намуд, ки шурӯъ аз имрӯз, 23-уми феврал лимит ё худ маҳдудияти рӯзонаи таъмини мардум бо барқро лағв мекунад.
Тибқи иттилои ин ниҳод сар аз имрӯз, 23-юми феврал мардуми навоҳии кишвар дар як шабонарӯз 19 соат ба нерӯи барқ таъмин мегарданд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангуи “Барқи тоҷик” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “мардуми деҳот аз имрӯз сар карда аз соати 5-и субҳ то 12-и шаб ба барқ таъмин мешаванд. Танҳо аз соати 00, яъне 12-и шаб то 5 субҳ барқро хомӯш мекунанд”.
Ёдгорӣ афзуд, ки гарм омадани зимистони имсола, ба онҳо имкон дод, ки ин иқдомро амалӣ созанд. Ин дар ҳолест, ки то имрӯз мардуми навоҳии кишвар 13 соат ба нерӯи барқ дастрасӣ доштанд ва 11 соат аз он маҳрум буданд.
Инчунин манобеъ дар ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар назар аст, ки маҳдудияти таъмини мардум бо барқ аз 27-уми феврали соли равон пурра бартараф карда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |