ВИДЕО: Гузориши “Озодагон” аз қисми низомии 17651-и Вазорати мудофиа
Бахшида ба 22-юмин солгарди таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон барои кумак ба сарбозону афсарони тоҷик як миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Ин нуктаро генерал майор Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон иброз дошт. Ӯ дар як маросими тантанавӣ, дар қисми низомии 17651-и Вазорати мудофиа гуфт, ин маблағ кумаки якдафъаинаи сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳ – Эмомалӣ Раҳмон аст: “Бо фармони вазири мудофиа ба ҳар афсар 1000 сомонӣ, ба прапоршикҳо 500 ва ба сарбозоне, ки хуб адои хизмат карда истодаанд, 200 сомонӣ ҷудо шуд. Комисияи вазорати мудофиа маблағҳои барои сарбозон ҷудошударо аз тариқи комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ба волидони онҳо мерасонад”.
Абдуҳалим Назарзода дар идомаи суханронӣ ба ҷавон будани артиши миллии Тоҷикистон ишора карда гуфт, гуфт, камбудиҳои ҷойдошта бо мурури замон рафъ хоҳанд шуд: “Артиши мо ҳамаги 22 сол пеш таъсис ёфт. Ин муҳлат дар баробари артиши Русия, ки 300 сол ва артиши Амрико, ки 200 сол собиқа дорад, хеле кам аст”. Муовини вазир инчунин аз нагирифтани ҳаққи худ аз Шӯравии собиқ ёдовари кард. Ба қавли ӯ, дар ҳоле, ки ҳамаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Шӯравӣ лавозимот ва баззаҳои ҳарбиро мерос гирифтанд, Тоҷикистон бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ аз он маҳрум шуд. Генерал майор дар интиҳои чорабинӣ ба бархе сарбозону афсарон медалу ифтихорномаҳо тақдим кард.
ГУЗОРИШИ ВИДЕОИИ “ОЗОДАГОН” АЗ ҚИСМИ НИЗОМИИ 17651
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |