Кумита пахши “наворҳои ғайриқонунии ҲНИТ”-ро рад кардааст
Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дархости Ҳизби наҳзати исломиро барои пахши се навори пешазинтихоботияш – “Посух ба саволдиҳандагон", "Аз наҳзати исломӣ чӣ медонем?" ва "Интихобот"-ро рад кардааст.
Дар посухи Кумитаи радио ва телевизион, ки зери имзои Саидалӣ Сиддиқ, муовини аввали раиси ин ниҳод ба ҲНИТ ирсол шудааст, таъкид гардидааст, ки тибқи моддаи 17-и Қонун "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият", истеҳсол ва паҳн кардани маҳсулоти аудиовизуалӣ бояд тибқи иҷозатнома сурат гирад, ки онро комиссияи литсензионии Кумитаи радио ва телевизион медиҳад: "Маводе, ки аз ҷониби ҲНИТ ба Кумита телевизион пешниҳод шудааст, мутаассифона, бе иҷозатнома аз ҷониби студияи барои мо номаълум, истеҳсол шудааст, ки ин хилофи қонунгузории Тоҷикистон мебошад".
Кумита афзудааст, ки барои гирифтани иҷозатнома, шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкорӣ бояд ҳуҷҷатҳоро ба комиссияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод кунад ва комиссия дар асоси баррасии ариза қарор қабул хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |