ВИДЕО: Бародарони тоҷик гургро посбони героин мондаанд
Мақомоти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Маскав ду бародар, шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт намудаанд, ки маводи мухаддирашонро гург посбонӣ мекардааст.
Тибқи иттилои мақомоти Маскав муттаҳамон дар километри 53-юми шоҳроҳи “МКАД” боздошт гардидаанд ва аз дохили автомашинаашон 1 кило героин дарёфт шудааст: “Муайян гардид, ки боздоштшудаҳо дар пойгоҳи истироҳатӣ дар ноҳияи Очаково-Матвеевск боғчаи хурди ҳайвонотро нигаҳбонӣ мекардаанд ва маводи мухаддири боқимондаашонро ба далоили амниятӣ дар хонаи гург нигоҳ медоштаанд. Аз пинҳонгоҳи бародарон, ки дар хонаи гург ҷойгир будааст, 8 кило героини дигар дарёфт шудааст”-омадааст дар иттилоия.
Манбаъ таъкид мекунад, ки феълан алайҳи бародарон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба онҳо беш аз 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |