Нигаронии Зоиров аз бахилӣ ва “гуруҳи махсус”-и нобудкунандаи варақаҳо

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демокарти Тоҷикистон мегӯяд, гуруҳи махсусеро мушоҳида кардаанд, ки ба нобудсозии маводи таблиғоти пешазинтихоботии ҳизбаш машғул мебошанд.
Ӯ 21-уми феврал бо пахши як муроҷиатнома аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дархост намудааст, то пеши роҳи ин амалро гиранд: “18 феврал дар маҳаллаҳои 103, 104 ва 13-15-и шаҳри Душанбе чунин як гурӯҳи нобудкунандаи варақаҳои таблиғотӣ аз ҷониби намояндаҳои ҳизб дастгир шудаанд, аммо аз сабаби бетаҷрибагии намояндаҳои ҳизб ва бисёр ҷавон будани ашхоси дастгиршуда -17-19 сола, онҳоро ҷавоб додаанд”.
Раиси ҲСДТ инчунин таъкид мекунад, ки дар бархе аз навоҳии кишвар худи намояндаҳои мақомоти қудратӣ ба нобуд кардани маводи таблиғотии аҳзоб машғул мешаванд: “Давоми дирӯз, масалан, дар Шаҳритус ба ин кор ду корманди милитсия, 1 намояндаи КДАМ машғул шудаанд. Ин ҳолатро чанд нафар аз гуруҳи таблиғотии ҲСДТ шоҳид шудем”.
Зоиров бо зикри он, ки феълан 80 дарсади варақаҳои таблиғотии ҲСДТ ва дигар аҳзоб дар Душанбе нобуд шудаанд, суол гузоштааст, ки “барои чӣ ва кӣ мардумро аз иттилои дақиқи интихоботӣ ва ҳизбҳоро ба харҷи беҳудаи маблағ мубтало мекунад? Бе чуну чаро дар ин кор қувваи махсус амал мекунад, яъне тасодуфӣ нест. Кист ин бахилтарин қувваи дар Тоҷикистон амалкунанда?”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |