Ҳалокати Сумаяи 2-сола бар асари ярч дар Душанбе
Мақомоти пулиси Тоҷикистон аз ҳалокати як духтарчаи 2-сола дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Душанбе дар натиҷаи фаромадани ярч - хоки канори роҳ дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе ноболиғ Қурбонова Сумая Абдувалиевна, соли таваллудаш 2013, истиқоматкунандаи минтақаи 8-и маҳаллаи Ховарон зери хок монда дар беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» вафот кардааст. Манбаъ мегӯяд, ин қазия аввали ҳафтаи равон рух додааст.
Ин дар ҳолест, ки муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, аз 20 то 23-юми феврал дар навоҳии куҳии Тоҷикистон хатари фуромадани тарма ҷой дорад. Мақомот аз сокинон даъват намудаанд, ки эҳтиёткор бошанд.
Соли 2014 дар пайи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 31 нафар ба ҳалокат расиданд, ки ин нишондод соли 2013 ба 11 нафар баробар буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |