“Президент, ҷони 8 000 маҳбуси тоҷикро дар Русия наҷот диҳед!”
Иззат Амон, раиси Созмони ҷавонони тоҷик дар Русия бо пахши як муроҷиатномаи расмӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раиисҷумҳури Тоҷикистон хостааст, наздики 8 ҳазор маҳбуси тоҷикистониро аз Русия ба Ватан орад. Ӯ мегӯяд, то ҳол чунин дархост, аз ҷониби мақомоти адлияи Русия ба Тоҷикистон ироа шудааст, аммо ҷониби Тоҷикистон онро рад кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Иззат Амон нисфи зиндониёни тоҷик дар Русия бо туҳмат паси панҷара рафтаанд: “Сохтакорӣ, туҳмат ва партофтани маводи мухаддир ба киссаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои пулисҳои рус як кори маъмулӣ аст. Ҳар рӯз мо худ шоҳиди ин ҳама беадолатиҳо мегардем, аммо то ҳол ба мо имкон фароҳам нашудааст, ки ҳадди ақал як парвандаи тақаллубиро бекор намоем, зеро ба қавли худи судяҳо "заказ аз болост".
Раиси созмони ҷавонон меафзояд, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони мо дар зиндонҳо бо зарбу лати масъулони маҳбас кушта мешаванд: "Масалан, моҳи ноябри соли гузашта дар зиндони шаҳри Томск Қурбонов Абдусалом Сайдалиевич соли таваллуд 1977 падари се фарзанд дар беморхона аз дунё гузашт. Шоҳидон дар бадани Абдусалом асари зарбу латро дидаанд, ки натиҷаи шиканҷа ва марги маҷбурист. Ҳарчанд мо ба Прокурори Генералии ФР Юрий Чайка муроҷиат карда хоҳиши тафтиши мунсифонаи марги шаҳрванди Тоҷикистонро кардем, мутаассифона ҷавобе нашуд. Гузашта аз ин 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон зиёда аз 3 сол мешавад ки дар маҳбасҳои Ҷумҳурии Мордова бандиянд. Полковники Хадамоти федералии назорат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки шаҳрвандони моро паси панҷара равон карда буд, худ қоил шуд, ки маводи мухаддирро ба мошинҳои шаҳрвандони мо худаш партофтааст. Ин полковники ҷинояткорро суди ФР барои 22 сол равонаи зиндон кард. Аммо аз чӣ бошад, ки шаҳрвандони моро бо гузашти 2 сол ҳам ҳанӯз озод намекунанд. Чунин мисолҳо ҳазорҳоянд”.
Иззат Амон мушкили дигари маҳбусони тоҷикро дар Русия маризӣ арзёбӣ кардааст: “3 сол қабл волидайни шаҳрванди маҳбус ки маризии қалб дошт, аз мо хоҳиш карданд то барои интиқоли фарзандашон барои идомаи адои ҷазо дар Тоҷикистон кумак намоем. Мо 3 сол кӯшиш кардем, вале аз прокуротураи генералии Тоҷикистон ба аризаи ин шаҳрванд имзо нагузоштанд. Баъдтар фаҳмидем, ки нархи гузарондани як маҳбус аз маҳбасхонаҳои Русия ба Тоҷикистон 20 000 доллар будааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳбаси Ҷумҳурии Мордова ҷон ба ҳақ супориду падару модараш дигар рӯи фарзандашонро надиданд”.
Раҳбари Созмони ҷавонони тоҷик дар Русия, аз қавли раҳбари шӯъбаи муносиботи байналмиллалии Вазорати адлияи Русия зикр кардааст, ки “аз раҳбарияти Тоҷикистон хоҳиш мекунем то шаҳрвандони маҳбусашонро баранд, вале ҷониби Тоҷикистон ҷавоби рад медиҳад”.
Иззат Амон аз раисиҷумҳур дархост кардааст, ки тамоми имконоти мавҷударо ба кор бурда 8000 шаҳрванди Тоҷикистонро аз марг наҷот диҳад: “Фикри маблағро ҳам накунед, зеро падару модари ин маҳбусон омодаанд маблағи лозимаро аз ҳисоби худ пардохт намоянд. Агар ин кор ба ибтикори Шумо сурат гирад бори дигар исбот хохед кард, ки воқеан ҳам дар фикри якояки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастед. Ҷонфидоиҳои Шумо баҳри ободии кишвару миллат ба ҳамагон маълум аст, вале ин иқдом сабаб мешавад ки исми Шумо ҳамчун химоятгари тоҷику тоҷикистонӣ дар тамоми руи замин барои ҳамешагӣ дар таърихи миллат сабт гардад. Умедворам пешниҳоди маро рад нахоҳед кард”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |