Изҳороти 4 ҳизби Тоҷикистон: Дар интихобот ҳеч мушкил надорем
Кумиссиюни марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, ки танҳо аз ду ҳизби сиёсӣ ба унвонии ин Комиссиюн дар мавриди монеъгузорӣ ба номзадҳо ва фаъолияти ҳизб дар маъракаи пешазинтихоботӣ шикоят ворид шудааст. Абдуманон Додозода, роҳбари дастгоҳи ин ниҳоди баргузоркунандаи интихобот дар Тоҷикистон ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, ки шикоятҳо аз Ҳизби демократ ва Ҳизби наҳзати исломии кишвар ворид шуда буданд, ки мо нисбат ба онҳо мавқеи Кумиссиюнро муайян намудем.
“Ё бо мактуб ҷавоб гардондем ва ё ба ниҳоде, ки шикоят ба он дахл дошт тамос гирифта, масъаларо баррасӣ кардем.Бештари шикоятҳо ба номзадҳо ва интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дахл доранд”,-мегӯяд Додозода.
Ситоди интихоботии ҲНИТ дар сомонаи ин ҳизб аз мавориди зиёди монеъгузорӣ ба номзадҳо ва дигар мушкилоти сунъии марбут ба интихобот итиллоъ медиҳад. Вале намояндагони дигар аҳзоб, ба истиснои Ҳизби сотсиал-демократ, мегӯянд, ки вуҷуди монеаъ ва фишору таъқиб дар маъракаи интихоботӣ эҳсос намешавад.
Исмоил Талбаков, муовин ва номзади Ҳизби коммунист ба Маҷлиси Намояндагон ба “Озодагон” гуфт, ки “нисбати номзадҳо ва ҳизби мо ҳеч монеаъгузорӣ на мушоҳида шудааст ва на вуҷуд дорад. Ҳоло мо дар Кӯлоб вохӯрӣ доштем, бисёр хуб ташкил шуда буд. Нисбат ба номзадҳо ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳам ҳеч мушкил вуҷуд надорад. Ба ҳисоби миёна, аз шумораи умумии нозадҳо ба ин маҷлисҳо аз 17 то 40 дарсадро номзадҳои Ҳзби коммунист ташкил медиҳанд. Масалан, дар Истаравшан ин таносуб 40 дар сад аст”.
Рустам Латипов, раиси Ҳизби аграрӣ низ ба мо иттилоъ дод, ки ба ҷуз баъзе мавридҳои ҷузъӣ, ки қобили зикр нестанд ҳолатҳои мушаххас вуҷуд надорад: “Агар аз тарафи мақомот дар назар дошта бошед, ин гуна монеъгузорӣ вуҷуд надорад. Баъзе мушкилиҳо дар ташкили вохӯриҳо ҳаст, аммо аз тарафи дигар қонун иҷозат медиҳад, ки худ ҳам вохӯрӣ ташкил ва баргузор намоем”.
Аммо Шокирҷон Ҳакимов, номзади ҲСДТ дар ҳавзаи якмандатии “Конибодом”-19 дар суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” аз маврид ва ҳолатҳои бешумори монеа, фишор ва дигар қонуншиканиҳо дар маъракаи интихобот хабар расонд: “Рӯзи аввали ба Конибодом омаданам дар ҳузури раиси шаҳр будем ва ба мувофиқа расидем, ки интихобот озод ва шаффофу одилона мутобиқ ба суханронии президенти Тоҷикистон зимни Паёмаш ба Маҷлиси Олӣ ва дар чанд суханрониҳои дигараш баргузор шавад. Аммо аз лаҳзаи аввал ман таҳти назорати мақомоти амният қарор доштам, 4-5 мошин доимо ҳамроҳи ман буд, дар назди хонаам ду мошин меистод ва талошҳо ҳам доштанд, ки дар ҷамъоварии имзоҳо низ халал ворид кунанд. Дар мулоқотҳоям намояндаҳои мухталиф маро ғайриқонунӣ ба навор мегиранд. Ба фаъолони алоҳидаи ҷомеаи шаҳрвандии Конибодом, ки ҷонибдори мананд таҳдид мекунанд ва фишор меоваранд. Номзадии маро 14-рӯз дертар аз номзади ҲХДТ, Равшан Раҷабов ба қайд гирифтанд.Тибқи дастури идораҳои номаълум ба ду телевизиони ғайридавлатие, ки дар шаҳр аст, дастрасӣ надорам. Дар вохӯриҳое, ки бояд бо иштироки 5 номзад мешуд, онро бо тавсияи идораҳои муайян бекор карданд. Намояндаи ҲХДТ-ро ба тамоми мактабҳои миёнаи умумӣ бо баҳонаи маҷлисҳои падару модарон даъват мекунанд ва муассисаҳои дигари давлатӣ барои вохӯрӣ ба ӯ имтиёз медиҳанд. Ба мо дар мулоқотҳо баръакс монеа эҷод мекунанд”,- изҳор дошт Ҳакимов.
Олим Бобев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки тоза аз вохӯрӣ бо намояндагони минтақаи Рашт баргашта буд, ба мо гуфт, ки мо аз ташкил ва гузаронидани вохӯриҳо шикоят надорем: “То ҳол ягон монеа вуҷуд надорад ва ба он ҳам нарасидааст. Баъзе ҳолатҳое буд, ки варақаҳои таблиғиро канда партофтанд ва ё нагузоштанд, ки ин варақаҳо насб шаванд. Мо аз ташкил ва гузаронидани вохӯриҳо ҳам шикоят надорем ва рафта бо интихобкунандагон вохӯриҳои худро баргузор кардем”.
Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократ, яке аз ду ҳизб, ки ба Кумиссюни марказии интихобот шикоят бурдааст ва аз вохӯрӣ бо интихобкунандагон аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо мо суҳбат мекард, изҳор дошт, ки мо фақат мушкили ин доштем, ки дар ҳавзаҳо шаҳодтаномаи номзадиро баъзе номзадҳоямон дер дастрас карданд: “Дар Суғд ва Бадахшон ин ҳолатҳо вуҷуд дошт. Ин ки ягон таъқибу фишор бошад, вуҷуд надорад. Мушкили мо дар ҷамъ кардани мардум барои вохӯрӣ аст. Намояндаи комиссияҳо бо мо ҳастанд, аммо раисони ҷамоатҳо ва дигар мақомоти давлатӣ ба далели дахл накардан ба раванди интихобот ҳамкорӣ намекунанд. Онҳо имконият медиҳанд, масалан толори бепул медиҳанд ва эълон мекунанд, аммо мегӯянд, ки рафта ҷамъ кардани мардум ба дӯши мо нест”.
Ҳамчунин Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки “новобаста аз монеъгузорӣ ва дигар масъалаҳо дар вохӯриҳои ман аз 50 то 1000 нафар вуҷуд дорад ва ман эҳсос мекунам, ки интихобкунандаи ҳавзаи “Конибодом”-19 маро хуб истиқбол мегирад ва мо бо иродаи қавӣ ва бо такя ба кафили интихоботи озод будани президенти Тоҷикистон то охир меравем”.
Ҳарчанд мақомот доимо таъкид мекунанд,-мегӯяд ин номзади ҲСДТ,-ки агар намояндаи ҲХДТ вакил навшавад боиси нигаронии президент мешавад ва Конибодом минбаъд обод намешавад ва аз маркази таваҷҷуҳи ҳукумати марказӣ дур мемонад: “Ба ҳамаи мулоқотҳоям намояндаҳояшонро мефиристанд, ки бо саволҳои подарҳаво таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаҳои дуюмдараҷа чалб кунанд. Тақрибан ҳар рӯз ба ҳавзаи интихоботӣ тариқи телефон эродҳоямро мерасонам, чун мулоқотҳо зиёданд вақтам намерасад. Ду рӯз мешавад, ки намояндаҳои Равшан Раҷабов, номзади ҳизби ҳоким дар заминаи участкаҳои интихоботӣ ситод таъсис додаанд, ки ғайриқонунӣ мебошад”.
Раисон ва намояндаҳои аҳзоби дигар аз дахолати мақомот ба маъракаи интихобот шикояте надоранд, Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки дар Конибодом эҳсос мешавад, ки раванди интихоботро ба ғайр аз Комиссияи марказӣ ва Комиссияи ҳавзавии интихобот баъзе мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба хусусияти маҳал ва ҳавзаи мушаххас таҳти назорат гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |