Муҳиддин Кабирӣ мавқеи ҲНИТ-ро дар мавриди тавофуқи ҷониби Тоҷикистон бо Русия барои 49 соли дигар тамдид шудани ҳузури пойгоҳи низомии маъруф ба 201-и Русия рўшан намуда гуфт: «Дар масъалаи бозмондани пойгоҳи низомии Русия бояд бигӯям, ки мо мавқеъи давлатро интизорем, то бубинем чӣ қароре мебароранд. Агар мавқеъи ҳукумати кишвар бо мавқеъи мо созгор бошад, мо ҷонибдорӣ хоҳем кард ва илло мавқеъи худро рӯшан хоҳем намуд. Мо бисёр мехостем, дар чунин масоили басо муҳим барои кишвар ва миллат, раҳбарони давлат бояд бо мардуми хеш маслиҳат кунад. Чанд роҳи он аст: ё референдум, ё шӯрои аҳзоби сиёсӣ бо иштироки донишмандони кишвар. Аз ҳама асосӣ он бояд шаффоф ва боинсофона сурат бигирад». Ӯ инчунин иброз дошт, ки замони қарордодҳои бозмондани нирӯҳои низомии як кишвар дар дохили кишвари дигар ба муддати тӯлонӣ кайҳо гузаштааст, ки ин гуна қарордодҳо, одатан баъди ҷанги дуввуми ҷаҳон ва дар замони ҷанги сард баста мешуд. Дар замони муосир, одатан қарордодҳо ба мўҳлатҳои кӯтоҳ ё миёна баста мешаванд, барои 5, 10 ё ҳадди аққал 15 сол.
{jathumbnail off} Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |