Мавзуна ВАҲҲОБОВА
Пайравони равияҳои гуногуни экстремистӣ баробари даст задан ба ҳар гуна корҳои номатлуб ва тайёр кардану амалӣ сохтани нақшаҳои террористӣ ба афзун сохтани сафи тарафдорони худ кушиш намуда истодаанд. Ин барои онҳо имкон медиҳад, ки нақшаҳои эктремистию террористии худро ҳарчӣ тезтар ва бештар амалӣ сохта, вазъиятро ноором кунанд. Ба ин қабил равия ҷараёни Салафия дохил мешавад, ки фаъолияти он мутобиқи қарори суди олӣ манъ карда шудааст. Бо вуҷуди ин, аъзои фаъоли он дар ҳама шаҳру навоҳии вилоят барои гумроҳ сохтану шомил кардани баъзе аз сокинони маҳалли зисти худ машғул ҳастанд.
Шуҳрат Қузибоев, сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар як мактаби таҳсилоти динии яке аз кишварҳои исломӣ таҳсил карда, пас аз хатми он ба зодгоҳ баргаштааст. То он даме, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун гумонбар ба узви фаъоли равияи Салафия дастгир нагашт, ба тарғиби равияи манъгаштаи Салафия машғул буд.
- Ман дар он мактаби диние, ки таҳсил кардам, равияҳои ҷараёни Салафияро омухта, баъди хатми он ҷиҳати тарғибу ташвиқи ин равия ба зодгоҳ баргаштам. Мақсад аз ин тарғибот афзудани сафи пайравон ва ташкили давлати исломӣ мебошад, - иброз дошт Шуҳрат Қузибоев.
Ба радикализми динӣ бештар рӯй овардани ҷавонон асосан аз паст будани маърифат ва илми исломӣ, ҳамчунин сарфаҳм нарафтани онҳо аз мазҳаби ҳанафӣ мебошад. Радикализм, ки худ оштинопазирӣ мебошад, ба ҷавонон таъсири манфӣ расонида, манфиатдорони равияҳои экстремистию террористиро аз ин самаранок истифода мебаранд.
11 нафар аъзои равияи Салафия аз шаҳри Хуҷанду ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба даст афтоданд, ки ба тарғибу ташвиқи салафизм гумонбар ҳастанд. Онҳо дар масоҷид байни ҷавонон равияи экстремистии худро ба роҳ монда, бо тарзи либоспушиву шакли ришмонӣ ва тарзи хондани намоз фарқ мекарданд.
Имом-хатиби масҷиди ҷомеи “Сурх”-и ноҳияи Бобоxон Fафуров -- Абдуҷамол Ҳомидов ақида дорад, ки мақсади ин равия ба ҷуз ифротгароӣ дигар чизе нест. Онҳо байни мардум иғво ангехта, равияи экстремистию террористии худро тарғиб месозанд. Хусусиятҳои ин равия аз мазҳаби Имоми Аъзам фарқ мекунанд, хилофат доранд. Шахсони калонсол ба хубӣ ин фарқиятро дида, дарк мекунанд ва ба ақидаҳои онҳо розӣ шуда наметавонанд. Аммо насли ҷавон, ки ҳоло аз қонунҳои шаръиву динӣ ба хубӣ огоҳ нестанд, ба онҳо пайравӣ намуда, тарзи хондани намозу либоспушӣ, намуди зоҳирии худро ба пайравони ин равия монанд мекунанд. Дар натиҷа байни насли калонсолу ҷавон низоъ бармехезад.
Ҳамагон хуб огоҳ ҳастанд, даргириҳои солҳои 90-уми асри ХХ, ки боиси марги чандин ҳазор сокини сулҳхоҳи Тоxикистон гардид, маҳз аз низоъҳои дохилӣ ва гуруҳбозии баъзе нафарон оғоз ёфт ва ҳамчун солҳои мудҳиш дар таърихи кишвар сабт гардид.
- Шаҳри Хуҷанд аз азал бо маданияти бою баланди худ байни мардумони кишвар обрую нуфузи хоса дошт. Аммо воқеаҳои рӯзҳои охир дар ин шаҳр рухдода боиси малоли хотири сокинони он гашта истодааст. Вақтҳои охир тамоми корҳои ба мазҳаби мо, яъне мазҳаби ҳанафӣ тааллуқнадошта, аз шаҳри Хуҷанд сар зада истодаанд. Намозгузории занон дар масҷидҳо, гаравидани ҷавонон ба равияҳои экстремистию террористӣ, дар ҷангҳои Сурия иштирок кардани ҷавонон ва ба мамлакатҳои исломӣ ба таҳсили ғайриқонунӣ рафтани онҳо дар шаҳри мо доман паҳн кардааст, - иброз намуд собиқадори соҳаи маориф, сокини куҳансоли шаҳри Хуҷанд Эҳром Шарифова.
Афзудани сафи пайравони равияҳои хусусияти террористидошта аз надонистани аҳкоми дурусти шариат ва паст будани дониши исломӣ дарак медиҳад. Падарону модаронро имрӯз ин масъала бештар ба ташвиш овардааст. Онҳо ақида доранд, ки дар Тоҷикистон имрӯза тамоми шароит барои адо кардани ҳамаи панҷ рукни дини мубини Ислом фароҳам асту ҷавонон бошанд, ба ҷои шукргузорӣ ба ин неъмат даст ба ҷиноят мезананд. Ҷавононро мебояд аз ин ҳушдори калонсолон андеша кунанд.