Ихроҷи 25 шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон бо далели дағалона вайрон намудани қоидаҳои будубош 25 шаҳрванди хориҷиро аз қаламрави кишвар берун кардаанд.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 20 феврал ба “Озодагон” гуфт, ошкор гардидани нақзи қонунҳо аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ дар пайи як амалиёти муштарак сурат гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, ин амалиёт моҳи январи соли равон бо ҳадафи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муайян намудани ашхосе, ки ғайриқонунӣ ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ машғуланд ва ё бе иҷозати расмӣ фаъолият менамоянд, дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ анҷом шудааст: “Дар зимн, 9 ширкате, ки ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ машғуланд, мавриди санҷиш қарор гирифт”.
Ба гуфтаи Абдулло Қодирӣ, дар натиҷаи ин санҷишҳо муайян шуд, ки 2072 шаҳрванди хориҷӣ дар ин корхонаҳо ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буда, нисбати 37 нафари онҳо, ки қоидаҳои будубошро вайрон намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд: “Ҳамзамон, нисбати 25 шаҳрванди хориҷӣ барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош дар ҳудуди кишвар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарорҳои суди ноҳияи Шоҳмансур аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд”.
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, ҷиҳати пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар дохили кишвар дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор мунтаззам санҷишу амалиёт мегузаронанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |