Бахшҳо

Шукурҷон Зуҳуров: Устод Раббонӣ беш аз 50 сол дар меҳвари равандҳои сиёсии Афғонистон қарор дошт

Ҳайати расмии ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати ширкат дар маросими дафни  собиқ президенти ҷумҳурии исломии  Афғонистон, Раиси Шўрои Олии Сулҳи  он кишвар, яке аз шахсиятҳои бузурги олами ислом, минтақа, ҷаҳон, дўсти самимии мардуми Тоҷикистон устод Бурҳониддин Раббонӣ 23-24 сентябри соли ҷорӣ  ба пойтахти ҷумҳурии Афғонистон шаҳри Кобул сафар намуд.


Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба мо иттилоъ дод, дар фурудгоҳи байналмилалии Кобул ҳайати расмии Тоҷикистонро  вазири давлат дар умури парлумонии Афғонистон Ҳумоюн Азиз, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон Муборизи Рошидӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Шўрои миллии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ, сафири     Тоҷикистон дар ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шарофиддин Имомов пешвоз гирифтанд.Ба ҳайат инчунин мушовири давлатии президенти ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Э. Раҳматуллоев, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон  Салимзода О, муовини вазири корҳои хориҷӣ Зоҳидов Н., сафири   Тоҷикистон дар ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ш. Имомов, муовини вазири нақлиёт Худоёров Х., муовини вазири энергетика ва саноат Сулаймонов А., муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ Паноев С., раиси Шўрои уламои Тоҷикистон Абдуқодирзода С ва дигар шахсони расмӣ шомил буданд.

Худи ҳамон рўз ҳайат дар маросими давлатии ёдбуд ва ҷанозаи устод Бурҳониддин Раббонӣ ширкат варзида, ба намояндагӣ аз президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон ба ин шахсияти бузург ва нотакрори таърихи муосири Афғонистон  арзи эҳтироми самимӣ ва амиқ намуданд.

Бурҳониддини Раббонӣ дўсти сиддиқи мардуми Тоҷикистон буд. Ў дар таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо ва тақвияти дўстии таърихии ду кишвар  саҳми арзишманд дошт. Устод бо симои нуронӣ, сирати воло, лаҳни нарму шево, меҳру самимияти хос, гуфтор ва рафтори ҳакимона, азизи ҳар хонадони Тоҷикистон буд. Шоистаи зикр аст, ки тибқи таъкиди  президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ин абармарди дунёи сиёсат лоиқи достонҳо буда, шаҳодати ҷонгудози ў барои Афғонистон ва минтақа, барои тамоми мардуми сулҳхоҳ талафоти ҷуброннопазир аст.

Дар маросими гиромидошти шаҳиди ростини  озодиву истиқлоли Афғонистон, ки бар асари амалиёти  ғаддоронаи нерўҳои аҳриманӣ ба ҳалокат расид, тамоми ҳайати роҳбарии давлати Афғонистон, ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистон, Покистон, Эрон, Туркия ва сафирону намояндагони кишварҳои зиёди муқими Кобул ширкат вазиданд. Зимни суханронии хеш  раисҷумҳури  Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай  устод Раббониро шахсияти муассиртарини  таърихи Афғонистони навин арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки тибқи тасмими  ҳайати давлат ба ў унвони «Шаҳиди сулҳ» дода шуд. Писари устод Раббонӣ -Салоҳиддин дар маросими ҷаноза суханронӣ намуда, падари бузургвори хешро  «Шаҳиди роҳи озодӣ ва сарбаландии Афғонистон» номид.

Тибқи қарори ҳукумати Афғонистон  устод Бурҳониддин Раббонӣ дар теппаи Вазир Муҳаммад Акбархон ба хок супурда шуд, ки дар ин мавзеъ мақбара ва боғи бузург ба масоҳати бист гектар  бунёд хоҳад шуд. Шоми ҳамон рўз  ҳайат аз сафоратхонаи ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Кобул боздид намуда, ба шароиту кору фаъолияти дипломатҳои тоҷики шиносоӣ пайдо кард.

Субҳи 24 сентябр ҳайати намояндагони ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби     Ҳомид Карзай, президенти Афғонистон пазируфта шуд. Дар ҷараёни мулоқот раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бори дигар аз номи роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва самимиро бо шаҳодати ҷонгудози устод Бурҳониддин Раббонӣ - раҳбари ҷиҳод, муқовимат ва сулҳ ба хонаводаи шарифи устод, раҳбарӣ ва тамоми мардуми бародари Афғонистон самимона тасллият арз намуд. Мардуми Тоҷикистон дар ин рўзҳо ба суги устоди шаҳир нишаста, дар ҳар хонадон ёди неки ўро менамоянд.  Тавре  Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон таъкидан зикр намуданд, устод Бурҳониддин Раббонӣ шахсияти бузурги Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон буд ва корномаи таърихии ватандўстонаи ў даҳсолаҳо фарзандони ростини Афғонистонро дар масири сулҳ, субот, ободӣ ва пешрафти Афғонистони бародар нерўи азими маънавӣ ва рисолатӣ хоҳад бахшид, -изҳор дошт Шукурҷон Зуҳуров. Бурҳониддин Раббонӣ беш аз 50 сол дар меҳвари равандҳои сиёсии Афғонистон қарор дошт; ў аз раҳбарони муассир ва созандаи ҷиҳод ва муқовимати қаҳрамононаи мардуми Афғонистон буд, ки дар солҳои охир қаҳрамони воқеии сулҳ гардид. Устод шахсияти дурандеш ва оқили сатҳи ҷаҳонӣ буд: ў таҳдидот ва хатарҳои башариро беҳтар аз дигарон дарк мекард ва сулҳро ниёзи ҳаётии Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон медонист. Ў дар  ин рисолати воло фидокорона пайкор намуд ва шаҳид гардид. Ман мутмаинам, ки дар бораи шахсияти воло ва корномаи таърихии ў достонҳо суруда хоҳад шуд. Ёди устоди арҷаманд дар қалби мардуми шариф ва қаҳрамони Афғонистон, афроди озода ва неки минтақа ва ҷаҳон доиман зинда хоҳад буд.

Ҳомид Карзай бо таъкиди мақоми воло аз нақши барҷастаи устод Бурҳониддин Раббонӣ дар ҷиҳод ва муқовимати мардуми он кишвар барои озодиву истиқлол ва сулҳ дар кишвар  ёд намуда, аз тасллият ва ҳамдардии самимонаи  президенти   Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кулли мардуми кишвари мо, инчунин аз иштироки ҳайати баландрутбаи давлати Тоҷикистон  изҳори сипос кард. Дар айни замон азму иродаи мардуми Афғонистонро  ҷиҳати таъмин ва тақвияти дўстии таърихии байни ду кишвар бори дигар таъкид намуд.

Пас аз иштирок дар маросими фотиҳаи устод Раббонӣ ҳайати намояндагии ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров  бо ҳайати давлат  ва аҳли хонаводаи  марҳум бори дигар  изҳори тасллият ва ҳамдардӣ намуда,  ба Ватан баргашт.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)