Имсол аз қабули қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” 8 сол пур мешавад. Дар робита ба бурду бохти ин қонун “Озодагон” бо Фаррухулло Олимов, сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон суҳбате анҷом дод, ки пешниҳоди хонанда мешавад.
Озодагон: Ҳарчанд аз қабули қонун 8 сол сипарӣ шуд, аммо нафароне ҳастанд, ки иддао доранд, бо амалӣ шудани он хароҷоташон баръакс афзудааст...
Фаррухулло Олимов: “Дарвоқеъ, қобили зикр ва ҷои ифтихор аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз муҳокимаи умумихалқӣ гузашта, пас аз омӯзишу таҳлилҳои ҳамаҷониба ва маслиҳату машварати олимону ҳуқуқшиносон, коршиносони соҳаҳои мухталиф, фаъолон ва иродаи аксари мардуми шарифи Тоҷикистон ба тасвиб расид. Аз ин ҷост, ки Қонуни мазкур унвони Қонуни миллиро соҳиб гардид ва назири худро дар дигар кишварҳо надорад.
Масъалагузории нарху наво ва вобаста донистани болоравии нархҳо ба Қонуни мазкур кори нодуруст аст. Дар шароити кунунии буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистон низ узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, имконияти таъсири омилҳои иқтисодӣ ва молиявӣ аз эҳтимол дур нест. Тағйирёбии нарх бошад, асосан аз афзоиши нарху навои маводе, ки аз хориҷ ворид карда мешавад, алоқамандӣ дорад, ки хоҳу нохоҳ нархи дигар маҳсулоти дохилиро низ боло мебарад. Ин раванди табиӣ буда, ба тамоми кишварҳои дунё хос аст. Аз ин нуқтаи назар, марбут донистани болоравии нархҳо ба Қонун ҳарзагӯие беш нест”.
Озодагон: Баъзеҳо бар онанд, амалишавии қонун дар боби баргузории хатнасур тибқи меъёри муайянгардида баргузор намешавад. Яъне, аксар вақт теъдоди иштирокдорон, ки қонун 60 нафар муайян кардааст, зиёд мешавад...
Фаррухулло Олимов: “Албатта, чунин ҳолатҳо ба мушоҳида мерасанд, ки шаҳрвандон талаботи қонунро нодида мегиранд ва ин боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани эшон мегардад. Борҳо таъкид карда будем ва боз ҳам мегӯем, ки мақсад аз қонун ҷарима намудани ин ё он шахс нест. Баръакс, пешгирӣ намудан аз ҳар гуна хурофоту зиёдаравист. Дар ҷараёни фаъолияти Кумита ва намояндагиҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳолатҳои нақзи қонун, аз ҷумла риоя нагардидани талаботи моддаи 9 (хатнасур) низ ба чашм мерасад.
Зимнан, тавре ки дар боло ишора кардам, дар мақолае, ки яке аз нашрияҳои дохилии кишвар ба нашр расондааст, яке аз мусоҳибон ба ин нукта дахл карда, иброз медорад, ки гӯё дар деҳаашон 180 хоҷагӣ сукунат доштаасту ӯ ба хатнасури писараш ҷиҳати риояи талаботи Қонун 60 нафар меҳмонро даъват кардааст. Номбурда шиква мекунад, ки бо қабули Қонун нарху наво чунон гарон шуданд, ки “маблағ барои ҳамин шаст нафар базӯр расид”. Шаҳрванди закӣ аллакай пай бурдааст, ки гуфтаи боло орӣ аз мантиқ аст, яъне агар маблағ барои 60 нафар базӯр расида бошад, як лаҳза тасаввур кунем, ки қонун амал намекард ва ҳоли ин шаҳрванд чи мешуд?!
Оё меъёри Қонун набуд, ки ба шаҳрвандон ба тариқи ихтиёрӣ имконият фароҳам овард, то маъракаҳояшонро сабук ва бе харҷи маблағи барзиёд гузаронанд? Агар мисли пеш аз қабули Қонун мардум рӯзҳою ҳафтаҳо маъракаҳояшонро барпо мекарданд, тасаввур кардан душвор буд, ки ба кадом ҳолати ногувор гирифтор мешуданд. Қабули Қонун ин як таҳаввулоти иҷтимоию фарҳангӣ ва то андозае иқтисодӣ низ мебошад, ки пеши роҳи исрофкорӣ, маъракаҳои ҳангоматалаб, ҷашну маросимҳои хурофотпарастонаро гирифта, шароити муносибу шоистаи зиндагиро муҳайё сохт”.
Озодагон: Тавре аз ВАО иттилоъ меёбем, шахсоне, ки талаботи ин қонунро вайрон мекунанд, бо маблағи калон ҷаримабандӣ мешаванд. Ҳатто агар дар маросими акди никоҳ як мошин ҳам зиёд истифода шавад, шаҳрванд чунин ҷаримабандӣ мешавад?
Фаррухулло Олимов: “Талаботи қонун бояд барои ҳама яксон амалӣ шавад. Масалан, Қонун шумораи автомошинаҳои дар маросими акди никоҳ истифодашавандаро 4 адад муқаррар кардааст. Яъне, агар 5 адад автомобил истифода шуд, пас ин алакай қонуншиканӣ аст ва ҳуқуқвайронкунанда дар назди Қонун бояд ҷавоб гӯяд”.
Озодагон: “Қонун барои ҳама яксон амалӣ мешавад” мегӯед. Оё боре сохтори Шумо ин ё он шахси ҳуқуқӣ ё мансабдореро барои нақзи қонун ҷарима кардааст?
Фаррухулло Олимов: “Чунин ҳолатҳо зиёданд. Аммо ба хотири нарасидан ба иззати нафси эшон аз баёни исмашон аз тариқи ВАО худдорӣ мекунем. Зеро мутобиқи қонун як шахсро барои як гуноҳ як маротиба ҷазо медиҳанд. Аз ин рӯ, эълони номҳои эшонро мувофиқи мақсад намедонем”.
Озодагон: Дар ҳисоботи ниҳоди Шумо дар баробари теъдоди ҷашну маросимҳои баргузоргашта, ҳатто шумораи чорвои дар маросимҳои гуногун забҳгардида низ нишон дода мешавад ва табиист, бархе одамон ба он рақамҳо бо назари шубҳа менигаранд. Аслан ҷониби Шумо чунин оморро чӣ гуна дастрас мекунад?
Фаррухулло Олимов: “Дар ҳақиқат ҳам шумо дуруст қайд кардед, ки баъзе нафарон ва мутаасифона ҳатто бархе аз рӯзноманигорони мо ба ин масъала бо нигоҳи шубҳаомез назар мекунанд. Дар робита ба омори чорвои забҳшаванда қайд кардан бамаврид аст, ки бо мақсади фаҳмондадиҳии талаботи Қонун ва зери назорат гирифтани раванди баргузории маъракаҳо шаҳрвандон вазифадоранд, пеш аз оғози маъракаҳо ба бахшу ҷамоатҳо омада, бо муқаррароти Қонун бори дигар шинос шаванд ва тавсияномаи хаттиро дастрас намоянд. Дар тавсияномаҳо меъёрҳои асосии талаботи Қонун - давомнокӣ, шумораи иштирокчиён ва амсоли он зикр мешавад ва зимнан аз соҳибмаърака пурсида мешавад, ки ӯ маъракаашро бо забҳи чорвои калон, хурд ё гӯшти харида мегузаронад. Инчунин, дар тавсиянома дигар маълумоте, ки барои таҳияи ҳисоботи оморӣ зарур аст, дарҷ мегардад. Баъдан, ин маълумот дар шакли варақа ба ҳисоботи оморӣ мегузарад.
Барои шахсоне, ки ба рақамҳои пешниҳоднамудаи мо шубҳа дорад, як мисол меорам. Тибқи маълумоти бахшҳои омор ва оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Раёсати кишоварзии ноҳияи дурдасти Ҷиргатол дар хоҷагиҳои шаҳрвандон дар соли 2006 беш аз 15 ҳазор сар чорвои калон ва зиёда аз 62 ҳазор сар чорвои хурд мавҷуд буд. Дар соли 2011 бошад, шумораи чорвои калон ба 54 ҳазор, чорвои хурд бошад ба 183 ҳазор сар расидааст, ки ин ҳам натиҷаи сарфаи дороии мардум ба туфайли татбиқи босамари Қонуни миллӣ мебошад.
Дар маҷмӯъ, натиҷаи татбиқи Қонун дар ҳамаи арсаҳо ба назар мерасад. Мисолҳо зиёданд. Мутобиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон то ҳолати моҳи декабри соли 2014 пасандози шахсони воқеӣ дар бонкҳо 4253,3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин аз як ҷониб аз татбиқи босамари нақшаву барномаҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат вобаста бошад, аз ҷониби дигар татбиқи босамари Қонун низ дар ин самт мусоидат намуд.
Ҳоло дигар бештари мардум пойбанди баргузории маъракаҳои пурхароҷоти хурофотпарастона набуда, ба дигар корҳои созандаи ба нафъи худу ҷомеа машғуланд, ки албатта ин боиси сарфарозист. Ман фикр мекунам, вазифаи шаҳрвандӣ ва имонии ҳар як сокини кишвар новобаста аз он ки дар кадом вазифа кор мекунад, хизматчии давлатӣ аст ва ё дар дигар соҳаҳо ифои вазифа мекунад, пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки андешаву амали худро барои ободиву осудагии ватани азизамон равона созад. Инчунин, бо истифода аз фурсат, аз хабарнигорони муҳтарам даъват ба амал меорем, ки пеш аз нашри мавод бо масъулон, ваколатдорони соҳа дар тамос шаванд, нуктаҳои норавшан ва шубҳадорро тавзеҳ диҳанд, то ин ки хонанда аз ин матолиб нафъе барои худ пайдо намояд. Танқид қабул аст, дар сурате, ки бо далел ва ҳадафи он созанда бошад”.