Посухи ВУХ-и Русия ба таҳдиди худкушии Гулрухсор дар Маскав
Вазорати умури хориҷии Русия ба Гулрухсор Асоева, модари се фарзанд, ки дар пайи боздошти беасоси шавҳараш -- Аслиддин Асоев дар Маскав таҳдиди худкӯшӣ кард, ваъда додааст, ин қазия мунсифона баррасӣ хоҳад шуд. Қазия Асоев, ки боиси ифшои сохтакорию бедодгариҳои зиёд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ғарби Маскав шуд, то ҳол чандин мансабдори воломақоми ин шаҳрро аз курсӣ маҳрум кард.
Вазорати умури хориҷии Русия дар пайи дархости сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтааст, қазияи муҳоҷири тоҷик -- Аслиддин Асоев, ки ба гуфтаи вакили дифояш 11 моҳ ба ин сӯ бо иттиҳоми беасос дар СИЗО нигоҳдорӣ мешавад, 4 марти соли равон дар суди ноҳиявии Никулински шаҳри Маскав баррасӣ мегардад: “Мо бар онем, ки ҳимоятгари Асоев дар рафти муорифаи судӣ ҳамаи санаду асосҳои дар даст доштаашро ироа хоҳад кард ва дар натиҷа қарори одилона ва асоснок қабул хоҳад шуд".
Қаблан Гулрухсор Асоева, ки модари се фарзанд мебошад, бо ирсоли муроҷиатномае ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Додситонии кулл, Додситонии ғарби Маскав ва Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, “дигар умедам ба тафтиши одилона ва назорати одилонаи тафтишот намондааст. Иқрор мешавам, ки ба адолати додгоҳӣ ҳам бовар надорам. Бидуни шавҳарам зиндагӣ кардан намехоҳам. Бо ин муроҷиатнома ба таваҷҷуҳи ҳама мерасонам, ки қасди худсӯзӣ дорам. Масъулияти марги ман бар души прокурори ғарби Маскав Радионов Г.Г. аст, ки бо вуҷуди далелҳои қавӣ ҳабси шавҳарамро тасдиқ кард”.
Аслиддин Асоев дар дуздии беш аз шаш миллион рубл муттаҳам мешавад. Дар ҷои ҳодиса сабукрави тамғаи “Рено”-и ӯ, ки 11 моҳ қабл аз анҷоми ҷиноят фурӯхта буд, ёфт мешавад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро барои дарёфти маълумот дар бораи соҳиби нави мошин даъват мекунанд, аммо баъдан ҳамчун ҳамдасти ҷинояткор боздошт мешавад ва инак беш аз 15 моҳ аст, ки дар СИЗО қарор дорад.
Ахиран, баъди муроҷиати видеоии Алексей Наделсон, вакили дифои Аслиддин ба қазияи боздошти Аслиддин Асоев дар ҷомеаи Русия таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Наделсон дар ин муроҷиатнома аз мақомоти Русия хост, ба бедодгарию сохтакориҳо дар мақомоти тафтишотии Раёсати умури дохилии ғарби Маскав хотима диҳанд. Ӯ сабти пинҳонии Степан Корпут, як муфаттиши Раёсати тафтишотии ғарби Маскавро пешниҳод мекунад.
Корпут бехабар аз он ки ӯро сабт мекунанд, шеваи кори мақомоти пулиси Маскавро ифшо кардааст: “Заказҳо хеле зиёданд. Рақибонро бартараф мекунем. Баъзан маводи мухаддир партофта боздошт мекунем, ки хеле осон аст. Масалан як нозири роҳ зимни тафтиш маводи мухаддирро ба мошини нафари мавриди таваҷҷуҳ мепартояд ва ӯро дар постгоҳи дигар боздошт мекунем. Дигар радкуниҳои ин нафар фоида намекунанд, зеро ягон қочоқчӣ иқрор намешавад, ки воқеан мухаддирот аз ман аст. Бинобар ин дар суд чунин парвандаҳо бо маҳкумият анҷом меёбанд.”
Ӯ дар идома мегӯяд, дар парвандаҳое, ки далели гунаҳкорӣ кам аст, сохтакориҳо низ мешаванд: “Масалан, дар мавриди ҳамин Асоеви шумо делелҳо каманд. Аммо нафареро, ки беш аз 11 моҳ дар боздошт аст, озод кардан ғайриимкон аст. Медонед, ғайриимкон аст. Аз рӯи одамгарӣ ба ӯ ва ҳамсараш раҳмам меояд, аммо...”
Ба қавли Корпут, раҳбарият ба вай фишор меорад, то ҳар чӣ зудтар парвандаҳоро ба додгоҳ ирсол кунад: “Ин ҷо шахс гунаҳкор аст ё на фарқ надорад.”
Дар пайи муроҷиати вакили дифоъ расонаҳои Русия аз барканорӣ ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи сардори пулиси ғарби Маскав -- Владимир Рожков ва муовинаш -- Александр Кузин хабар додаанд. Онҳо дар фасодкорию рейдерӣ муттаҳам мешаванд. Инчунин дар пайи ин муроҷиат Николай Белоножко, раҳбари Кумитаи тафтишотии ғарби Маскав ба истеъфо рафтааст.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, феълан ҷинояткориҳои дигари масъулини пулису муфаттишон дар ғарби Маскав ошкор шудаанд, ки тафтиши онҳо аз ҷониби Хадамоти федералии амният ва Кумитаи тафтишотӣ идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |