Таъсиси Донишгоҳи байналмилалии динии ИДМ
Тайи ду рӯз аст, ки дар шаҳри Маскав ҷаласаи гуруҳи кории Шӯрои ҳамкорӣ дар бахши маорифи давлатҳои узви ИДМ барои такмил додани лоиҳаҳои низомномаҳо дар бораи Донишгоҳи байналмилалии таҳсилоти динии давлатҳои узви ИДМ ва Анҷумани муаллимон ва кормандони маорифи давлатҳои узви ин созмон ҷараён дорад.
Аз Тоҷикистон дар ин ҷаласа намояндаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар Русия ширкат меварзад. Дар назар аст, ки дар ин ҷаласа самтҳои фаъолияти ин донишгоҳи динии муштарак мушаххас шавад.
Намояндагони Раёсати ҳамкорӣ бо созмонҳои динии маъмурияти президенти ФР, Шӯрои байнидинии ИДМ, Патриархати маскави калисои провословии рус, Раёсати динии мусулмонони Русия, Конгресси ҷамоаю созмонҳои динии яҳудиёни Русия дар ин ҷаласа иштирок менамоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |