Манъи тарғиби ҳамҷинсгаройӣ миёни ноболиғон дар Қазоқистон
Палатаи боло (сенат)-и парлумони Қазоқистон лоиҳаи қонуни ҳимояи кӯдакон аз иттилои ба саломатӣ ва рушд зиёноварро пазируфт.
Бар асоси ин қонун, имконоти ҳуқуқие фароҳам омадааст, ки бозиҳои компутарӣ, электроник ва бархат (онлайн) ташхис ва аломатгузорӣ шаванд ва пешбинӣ мешавад, ки муҳтаво ва тарроҳии маводи иттилоотие, ки барои омӯзиши кӯдакон дар муассисоти қабл аз мактаб истифода мегарданд, назорат шавад. Ҳамчунини назорат бар низоми маориф низ иҷозат дода мешавад.
Нурлан Оразалин, узви Маҷлиси болоии Қазоқистон гуфтааст, ин қонун тақдири ояндаи наслҳои моро ҳал хоҳад кард: “Наврасони имрӯзи мо роҳбарони ояндаи кишваранд”.
Гуфта мешавад, ин санад ҳанӯз дар чор сол пеш омода шуда аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |