“Корхонаи пахта” гуфтан кофист, то “корхонаи пахтатозакунӣ”

Дар навиштори имрӯзии мо афзудаҳои нозарур, ки бидуни онҳо низ маънои калима ва ҷумла равшан аст, ҷое камтар ва ҷое бештар ба назар мерасанд.
Баъзе собиқаи нисбатан зиёд доранд ва ҳатто оғозашон шояд ба асои 19 бирасад ва баъзе дар ҳамин чанд соли охир пайдо шудаанд. Аз ин ҷумла аст, номи корхонаҳо, ки феъл бидуни зарурат бар исми шохиси он афзуда мешавад. Аз ҷумла “корхонаи мошинбарорӣ”, “корхонаи равғанбарорӣ ва ҳатто равғанистеҳсолкунӣ”, “корхонаи яхдонсозӣ” ва аз ин қабил, ки танҳо исми шохис дар ин номҳо кофист: “корхонаи мошин”, “корхонаи пахта”, “корхонаи равған”...
Ҳамчунин ба ҷои “шабакаи гармидиҳӣ” мисли ҳамзабононамон кофист, ки аз “шабакаи гармо” истифода бикунем. Рӯзномае менависад: “Мавсими шудгоркунии тирамоҳии заминҳо шуруъ гардид” ва маълум аст, ки дар ин ҷо комилан кофӣ буд, ки “мавсими шудгори тирамоҳӣ” бинависанд. Маълум аст, ки дар зимни “шудгор” феъли ёвари “кардан” ҳам ҳаст ва маълум аст, ки он чи шудгор мешавад, замин аст, на осмон.
Дар ин мавридҳо кофист, ки нависанда барои имтиҳон бидуни истифодаи феъли ёвар ибораро назар кунад ва агар эҳсос намояд, ки бидуни он маънои ибора ва ҷумла равшан аст, аз истифодаи он сарфи назар намояд, зеро ҳусни сухан ва дурустии он дар баёни мӯҷаз аст.
Рустами ВАҲҲОБ
(Аз саҳифаи “Дуруст бинависем”)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |