Пешхизмати 33-сола дар даллагӣ муттаҳам мешавад
Мақомоти пулиси шаҳри Душанбе як зани 33-соларо дар даллагӣ муттаҳам мекунанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ рӯзи 18-уми феврал ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки сокини 33-солаи Душанбе, ки дар яке аз ошхонаҳои ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳайси пешхизмат кор мекунад, сокини 26-солаи ноҳияи Рӯдакиро бо мақсади алоқаи ҷинсӣ бо шаҳрванд Н.С., соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Панҷ шинос намуда, ҳамчун ҳаққи хизмат аз аввалӣ 100 сомонӣ гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |