"Убайдуллоев талаб мекард, зери хонаҳои баландошёна паркинг ҳам бисозанд"
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ахиран қарор кардааст, минбаъд дар доираи татбиқи нақшаи генералӣ ба шахсону ширкатҳое иҷозаи сохтмон дода мешавад, ки дар барқарору нигаҳдории минтақаи роҳи истифодашавандаашон сармоягузорӣ мекунанд. Вобаста ба ин “Озодагон” аз коршиносон пурсид: Талаби шаҳрдорӣ аз ширкатҳои сохмонӣ барои таъмири роҳ дуруст аст?
Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, таҳлилгари масоили иқтисодӣ
Шумо бубинед, Маҳмадсаид Убайдуллоев дуруст мегӯяд, масалан, вақте хонаи бисёрошёна месозанд, роҳҳои атрофи онро худашон бояд дуруст кунанд. Чун ҳангоми сохтмон роҳҳои гирду атроф вайрон мешавад ва бояд онро таъмир кунанд. Ва аз ҷониби дигар, имрӯз дар атрофи биноҳои баланошёна ҷои автомобилгузорӣ намерасад. Хуб мешуд агар Убайдуллоев талаб мекард, ки он ширкатҳое, ки хонаҳои баландошёна месозанд, дар зерашон барои автомобилҳо паркинг ҳам бисозанд. Воқеан, шаҳри Душанбе як шаҳре шудааст, ки ҷои мошин мондан ҳам нест. Мошин ҳам барои мардум мушкилот шудааст. Аз ин лиҳоз, агар ин корҳоро низ анҷом медоданд хуб мешуд. Аммо агар манзур аз таъмири роҳҳо роҳҳои мошингард бошад, ман чизе гуфта наметавонам. Вале агар роҳҳои назди бинои сохтмонӣ бошад, ки бо сохтани биноҳо хароб мешавад, бояд ширкатҳо онро таъмир кунанд.
Табаралӣ ҒАНИЕВ, иқтисодшинос
Он сохтмонҳое, ки сохта мешавад, бояд бо дигар сохторҳои зиддахл мувофиқа карда шавад. Роҳ, ки ҳамчун як инфраструктура хизмат мекунад, дар он минтақае, ки вобаста ба ширкати сохмонӣ аст, дар вақти лоиҳасозӣ бо дар назар гирифтани хароҷоти иловагӣ таъмир шавад. Дар зимн, агар аз нигоҳи самаранокии иқтисодӣ нигоҳ кунем, имрӯз нархи хонаҳо 50 ба 50 аст. Ин даромаднокӣ қариб баробар ба нархи кишварҳои пешқадами дунё аст. Бинобар ин дар Тоҷикистон нархи хона бисёр баланд аст. Дар асл меъёри судоварӣ дар ин шароити беқурбшавӣ аз 30 дарсад зиёд набояд бошад. Дар мо қариб 20 дарсад зиёд аст, меъёри судоварӣ.
Ҳикматуллоҳ САЙФУЛЛОҲЗОДА, таҳлилгари масоили сиёсӣ
Фикр мекунам, баҳси пасипардагии ТВТ ва шаҳрдории пойтахт ба авҷи худ расида истодааст ва беш аз пеш он доғтар мегардад ва "шикаст"-и шаҳрдорӣ эҳсос мешавад. Вақте мири пойтахт ҷиҳати пайдо кардани роҳҳалҳои маводи интиқодии ТВТ ба чунин гуфтор ва тасмимгириҳо даст мезанад, ин алакай шаҳодати нотавонии дарёфти посух ба ТВТ аст. Фикр намекунам, ки шаҳрдорӣ аз чигунагии коргузории ширкатҳои сохтмонӣ ва истифоаи нақлиёти мухталиф то ин вақт огоҳ набошад. Ҳама чиз маълуму мафҳум аст, ширкатҳое, ки зери идораи шаҳрдорӣ кор мекунанду иддаи дигаре берун аз чунин идора. Ҳоло ишораи ҷаноби Убайдуллоев ба ҳамин гуна ширкатҳост, ки гӯё тасмими истифодаи нақлиётро бе ризоияти шаҳрдорӣ гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |