Бахшҳо
04 фев 2015 16:37Ҳуқуқи инсон

Занон дигар намехоҳанд, "калони хона" ба ҷои онҳо овоз диҳад

Орзуи КАРИМ

Як гуруҳ аз занони хонашин дар Вахш, ки қаблан барои овоздиҳӣ ба интихобот намерафтанду ба ҷои онҳо як нафар “калони хона” ё марди ҳамсоя раъй медод, баъди иштирок дар давраи омӯзишӣ дар бораи интихобот назарашонро иваз кардаанд. Онҳо мегӯянд, аз ин ба баъд раъйи худро ҳифз хоҳанд кард.


Амрика Ҳаётова, сокини 62-солаи ҷамоати “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш, яке аз чунин занҳост ва мегӯяд, ҳамагӣ чанд рӯз пеш огоҳ шудааст, ки шахсан бояд ба назди сандуқҳои раъй рафта, ба номзади мавриди назараш овоз диҳад. Ҳаётова гуфт, хонаводаи онҳо суннатист ва пештар аз ҳузураш дар интихобот, махсусан дар миёни мардони зиёд, шарм медошт: “Ба ​интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ чандон аҳамият намедодам ва ба ҳамин хотир аз марди ҳамсоя хоҳиш мекардам, то аз номи ман ва ҳатто фарзандонам ба ягон кас овоз диҳад.”

Ин сокини 62-солаи ноҳияи Вахш дар қатори 520 хонуми рустоӣ аз ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш рӯзи 1 феврал дар давраи омӯзишии созмони иҷтимоии “Рушд”-и вилояти Хатлон дар мавзӯи “Мусоидат кардан ба иштироки фаъолонаи занон дар интихоботи парлумонӣ” иштирок кард. Ҷамоати “Тоҷикобод” зодгоҳи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - муассис ва раҳбари пешини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки дар водии Вахш мардумашро бештар бо суннатӣ будан мешиносанд.

Юсуф Муҳаммадзода, сардори созмони ҷамъиятии “Рушд” дар вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба хотири огоҳ шудани занони хонанишин аз интихоботу раъйи сокинон махсус ҷамоати “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахшро интихоб кардаанд: “Омӯзиш танҳо барои занони хонанишине буд, ки дар ҷое кор намекунад. Занҳо ҳавасманд буданд, дар машқҳои овоздиҳӣ хело фаъол буданд, ки ормонҳо ва камбуди мардуми деҳаашонро баён мекарданд. Дар деҳот ба ҷои занон раъй додани мардҳои хонавода ва ҳатто марди ҳамсоя ҷой дорад.”

Масъули созмони ҷамъиятии “Рушд” мегӯяд, аз 520 зане, ки ба давраи омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд, маълум гардидааст, 315 нафар ё 61 дарсади онҳо дар интихоботи президентии соли 2013 иштирок накардаанд. Юсуф Муҳаммадзода мегӯяд, аксари занон гуфтаанд, интихобот кори мардон аст, на занон:
“Шумораи дигари занон серкорияшонро баҳона мекунанд. Маълум шуд, онҳо ба маъракаи сиёсии интихобот чандон аҳамият намедоданд. Аммо ҳоло дарк кардаанд, ки интихобот барои онҳо муҳим аст. Барои он деҳоти "Тоҷикобод"-ро интихоб кардем, ки мардумаш суннатӣ ҳастанд. Дар дигар маҳалҳо низ занҳое ҳастанд, ки ба интихобот намераванд. Дар ҳоле ки бештари мардҳо дар муҳоҷират ҳастанд, хуб мебуд зану духтари онҳо дар интихобот иштирок кунад.”

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони хатлонӣ низ дар пешорӯи интихоботи парлумонии кишвар, ки то баргузории он 25 рӯзи дигар мондааст, мегӯянд, дар водии Вахш занон чандон ба интихобот бовар надоранд ва дар рӯзҳои интихобот онҳо камтар зоҳир мешаванд, ки ин аз ноогоҳии сиёсии онҳо дарак медиҳад.

Созмони иҷтимоии “Рушд” дар вилояти Хатлон соли гузашта дар миёни 11 деҳоти ҷамоати “Меҳнатобод”-и ноҳияи Бохтар низ назарсанҷӣ анҷом дода ба хулосае омад, ки аз 142 зан 64 дарсади онҳо ба интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 нарафтаанд ва ба ҷои онҳо аъзои дигари хонавода ва ҳатто ҳамсояҳо раъй додаанд. Бархе аз занон омили ба интихобот нарафтанашонро нобаробарии ҳуқуқи миёни занону мард дар хонаводаҳои суннатӣ арзёбӣ карданд.

Созмони иҷтимоии “Рушд” дар ҷануби Тоҷикистон аз соли 2002 расман фаъолият мекунад, ки беш аз 20 лоиҳаро мустақиман анҷом дода, ҳадафаш мусоидат ба рушди демократия ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аст. Ин созмон бо кӯмаки молии хазинаи Канада CFLI – (Canada Fund for Local Initiatives) оид ба ташабусҳои маҳаллӣ, фаъолият кардааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)