Таъсири тағйирот дар Прокуратура ба мурофиаи Зайд Саидов
Дар пайи тағйирот дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон мурофиаи парвандаҳои нави Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мавқуф гузошта шудааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” имрӯз, 18-уми феврал наздикони Зайд Саидов иттилоъ дода, афзуданд, ки ба далели иваз шудани намояндагони Прокуратураи генералӣ дар мурофиаи Саидов баррасии парванда то 3-юми март мавқуф шуд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 17-уми феврал дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз кори додситонҳои тоҷик интиқод намуда, ба Юсуф Раҳмонов, додситони кулли навтаъин дастур дод, ки муовини якум ва ҳамаи муовинони Додситони кулл ва прокурорҳои вилоятҳо иваз карда шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |