ПРЕЗИДЕНТ: Ҷиянамро ҳам ҷазо диҳед, ҳама баробаранд (ВИДЕО)
Эмомалӣ Раҳмон , раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои амният, дар суҳбатҳои будуни коғазаш аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сӯиистифода аз номи Президент нигаронӣ карда, ба интихоби нодурусти кадрҳо ва исрофи маблағҳо дар Бонки миллии кишвар ишора кардааст. Раисҷумҳур аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостааст, ҳатто агар хешовандони ӯ низ даст ба ҷиноят зананд, алайҳашон чораандешӣ шавад: “Ҳатто аз номи президент низ сӯистифода мекунанд. Ҷияни ман ҳам бошад, баред назди қонун ҷавоб гӯяд. Қонун барои ҳама як ҳаст.” Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, баъзан худхоҳӣ ва манфиатталабии худи кормандони ҳифзи ҳуқуқу мансабдорони давлатӣ боиси ноором гардидани вазъ дар ҷомеаи ором мешавад: “Баъзан дар ҷои холию ором ва аъзои ҷомеаи ором ҳам корманди низомӣ, хидматчиён, милитсия, коррупсия, додситонӣ ва кормандони дигар проблемма эҷод мекунанд. Барои як касофате, ки манфиатҳои худро аз манфиати миллӣ боло гузоштааст. Ин гуна ҳолатҳо ҳаст, шумо худ хуб медонед. Солҳое, ки мо сардори Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Истаравшан ё Раёсати умури дохилии Суғд мондем, мардуми ороми вилоятро ноором карданд”. Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа бештар аз ғайримақсаднок истифода шудани маблағи буҷаи давлат ва интихоби нодурусти кадрҳо нигаронӣ кардааст. Ба қавли ӯ, дар масъалаи шеваи интихоби кадрҳо бояд таҷдиди назар шавад: “Механизми қабул кардани кадрҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Ин масъаларо бояд аз сари нав дида бароем. Тоҷикистон як кишвари хурд аст, агар саҳифаро варақ занем, ҳамаи мо якем, хиёнат кардед ба кӣ мекунед? Ба худ! Ҷиноят чизе аст, ки номи давлату кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст мекунад.” Раисиҷумҳур инчунин аз фаъолияти Бонки Миллӣ ва раҳбарияти он ба шиддат танқид намуда, гуфтааст, ҳар тавре хостаанд, маблағи ин ниҳодро истифода кардаанд: “Вақте Палатаи ҳисоб фаъолияти Бонки миллиро санҷиш гузаронид, бонк ягон ҳисобу китоби хоҷагидорӣ надорад. Чи хеле хостанд, амал карданд. Бархе аз муовинҳо миллион барои қарзи чизе гуфта гирифтаанд. Бигир хона хар, хона харидааст. Мошин 100 ҳазор аст, 150 ҳазор ба қайд гирифтаанд. Ҳар сол бояд тафтиш шавад.” Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон, рӯзи 17 феврал баргузор гардид, ки дар он асосан масоили марбут ба фасодзадагӣ баррасӣ шуд.ВИДЕОИ ҷаласаи Шӯрои амният: VIDEO
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30