Барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, дастаи "Хайр"-и Ваҳдат дар бозии даври гурӯҳии Ҷоми АКФ-2015 аз дастаи "Салам Ҷҳарта" барандаи Ҷоми Лубнон-2014 шикаст хурд.
Тавре Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, бозии "Хайр"-и Ваҳдат бо "Салам Ҷҳарта"-и Лубнон шоми 17 феврал дар пойтахти Лубнон -- шаҳри Бейрут баргузор шуда, бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи мизбонон ба анҷом расидааст.
Гуфта мешавад дастаи "Хайр" баъд аз ин мағлубият ҳаққи иштирок дар сабқати гурӯҳии Ҷоми АКФ-2015-ро аз даст дод. Манбаъ мегӯяд, дар рақобати мазкур дастаи "Хайр"-и Ваҳдат таҳти роҳбарии сармуббӣ Тоҳирҷон Муъминов ва 18 бозингар ширкат варзидааст.
Ҳайати дастаи Ваҳдат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми АКФ-2015 аз ин қарор буд:
Дарвозабонҳо: Анатолий Старушенко (Украина), Рустам Ризоев;
Ҳимоятгарон: Далерҷон Шарифов, Баҳодур Шарифов, Идибек Ҳабибуллоев, Субҳон Хоҷамов, Ҳасан Рустамов, Парвизҷон Ҳомидов;
Нимҳимоятгарон: Дмитрий Медекис (Латвия), Сафаралӣ Каримов, Ҷаҳонгир Хайров, Мӯҳсинҷон Парпиев, Маҳмадалӣ Содиқов, Алишер Ӯлмасов;
Мӯҳр