Бахшҳо
17 фев 2015 14:51Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Супориши Президент баъди огоҳӣ аз зараррасониҳо дар Бонки Миллӣ

Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми феврал зимни ҳисоботаш дар маҷлиси Шӯрои амният, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, аз ифшои зарари калон дар дастгоҳи марказии Бонки Милллӣ гузориш додааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Давлатзода ба Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот додааст, ки танҳо зимни як санҷиш дар Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 15 миллион сомонӣ дар дастгоҳи марказии ин ниҳод зарари молиявӣ ошкор шудааст, ки аз ин 10 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид карда шудааст.

Бо шунидани ин ҳисобот Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки фаъолияти молиявии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи ҳисоб ҳар сол санҷида шавад.

Дар маҷмуъ ба ҳисоби Давлатзода Палатаи ҳисоб дар ду соли фаъолияташ қариб 340 санҷиш гузаронда ва беш аз 85 миллион сомонӣ маблағ ба Буҷети давлатӣ баргардонда шудааст.
Мӯҳр
Баъд аз ин хел хисбот боз раиси бонки милли дар чояш кор карда истодааст?О як Зайд Саиди бечораро говсуд карден.Инаш бошад миллионхоро дуздидаасту Президент як дастур додааст.Ачоиб давлат дорем мо.

Вали,
Бародар Вали! О ин камомаду зарархо аз давраи Алимардонову, Ш.Рахимов огоз шуда омадаги.........Чи фикр мекуни, ки Алимардоновро ягон кас пишакашро пиш мегуяд??? Хамаи онхо нагзакак медонанд, ки сарфакориву дузди аз кучо бакия мондаги!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)