Маҳмудҷон РАҲМАТОВ
Додгоҳи низомии Хатлон ду сарбози қисми ҳарбии 2931, воқеъ дар ноҳияи Шӯроободро дар озору шиканҷаи ду сарбози тозадаъват муҷрим шинохта ва ҳар кадомеро барои ду сол равонаи зиндон кардааст. Ҳамзамон аъмоли чаҳор сарбози дигарро бо айни чунин иттиҳом, яъне озору шиканҷаи наваскарон аз сӯи сарбозони куҳансолро додситонии низомии Кӯлоб таҳқиқ дорад.
Икром Зоиров, додситони гарнизони ҳарбии минтақаи Кӯлоб ҷуъмаи 13 феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар мавриди ҷузъиёти ин павранада гуфт, «Нисбати 6 сарбози қисмҳои ҳарбии минтақа барои баъд рафторӣ парванда боз шуда буд. Аз ҷумла, дар ин ҳодиса Мингилиев, Раҳматов нисбати сарбозони навдаъватшудагон зуровариро раво дида нисбати онҳо парванда боз шудааст. Аммо сарбозони қисми низомии 2931-и марзбонӣ Сайёд Исмоилов, Сафаров Рамазон, дар майдончаи варзишии дидбонгоҳӣ №1 сарбози қаторӣ Назурулло Саидовро латукуб карда, дар натиҷа ба саломатии ӯ зарари миёнаи ҷисмонӣ расонида шудааст. Оиди ин ҳодиса прокуратураи ҳарбии Кӯлоб бо моддаи 373, қисми 2, яъне вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ баъди баррасии догоҳи Хатлон, ҳардуро ба мӯҳлати 2 соли аз озодӣ маҳрум карданд.» Ба хотири коҳиши зуроварӣ нисбат ба сарбозони тозадаъват дар қисмҳои ҳарбӣ Додситонии низомӣ тасмим гирифтааст, дар ду ҳафта як маротиб дар қисмҳои ҳарбӣ санҷиш гузаронад.
Талошҳо барои коҳиш додани зӯроварӣ дар қисмҳои ҳарбӣ дар ҳолест, ки ахиран дар пайи чунин рафторҳо мавориди ба ҳалокат расидан ва ё ҷиддан маъюб шудани сарбозон сабт шудааст. Аз ҷумла, рӯзи 9 феврал Наҷмиддин Қаюмов, сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон бо автомати «Калашников» чанд тир ба худ холӣ карда буд. Соли гузашта Акмал Давлатов, ҳангоми лату куб аз ҷониби Фаррӯх Давлатов, кӯҳнасарбози қисми ҳарбие дар вилояти Суғд, худро нафасгир кард. Аммо ин барои аввалин маротиб нест, сарбозон ба ҷони худ қасд мекунад. Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеъ аз созмони «Ампаро» дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар чанд баҳси додгоҳии марбут ба зӯроварӣ нисбат ба сарбозон ширкат доштааст.
Ба гуфти ӯ бештар сарбозоне ба чунин амал даст мезананд, ки донишҳои ибтидоӣ надоранд ва аз оқибати амалашон дар ҳарос нестанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло аксари сарбозон аз оилаҳои камбизоат буда, замоне ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудаанд, ки аз имкони кору таҳсил бархурдор нестанд. «Дар натиҷаи он парвандаҳое, ки ташкилоти мо барои ҳимои ҳуқуқӣ ҷабрдидагон аз дедовшина, мусонибатҳои ғайри оинномавӣ дида буд. Сабаби аслиии ба чунин ҳолатҳо омада расидан аз пасти маърифатнокӣ сарбозон аст. Ҳоло ин ҳолат як анъана шудааст, ки вақте сарбози навдаъвантшаванда омада ҳолати ғайриоинномавиро дида, ӯ низ ибрат мегирад, ва баъди чанд муддат онҳо низ нисбати сарбозони навдаъватшаванда «дедовшина»-ро раво мебинад»,-афзуд мусоҳиби мо.
Зӯроварии кӯҳансарбозон нисбат ба сарбозони нав, ки вожаҳои «дедовшина», ё меҳтарсолорӣ –ро гирфтааст, ба ақидаи аксари сокинон аз даврони Шӯравӣ мерос мондааст. Камолиддин Достиев, нафаре дар сафи Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст, мегӯяд, он замон тақрибан наваскаре аз кӯҳнасарбозон ё ба истилоҳ аз «дед»-ҳо зулм надида бошад. Ҷаноби Достиев гуфт, «Дар даврони Шӯравӣ дедовшинае ва землачиства буд, ки ҳозир низ чунин ҳолат ба назар намерасад. Ва онро низ гуфтаниам, ки шояд ҳеҷ вақт аз байн намеравад. Вақте сарбоз зери дедовшина қарор мегирафт вар афта хабар мекард, онро сукач гуфта, дигар ягон кро намефармуданд ва ӯ низ то охири хизмат мулоим хунук ё ба қавле мисли занҳо ду соз хизмат мекард. Он ҳо низ дар ҳамаи навдаъватшавндаҳо сухан гуфта наметавонистанд.»
Бо ин ҳол на ҳама сарбозони ҷабрдида ҷуръат мекунад, ки нисбати аскари бузургсол ба мақомот шикоят бубаранд. Агар ӯ ин корро бикунад , на танҳо латту кӯб мешавад балки ба муддати тӯлонӣ лақаби «буз», яъне хабаркашро дар хизмат мегирад, ва ба кадом сарбозе сухан гӯяд, ба ӯ эътибор намедиҳанд. Ҷамшеди Мубориз, як сарбози Артиши Тоҷикистон, як сол боз дар хизмат аст, ба тасвире, ки мо аз рӯи шикояти сарбозҳои ҷавон дар боло гуфтем, розӣ намешавад. Ӯ мегӯяд, «буз»-ҳо дар хизмат он қадар зиёд шудаанд, сарбозони куҳансол наметавонанд ба онҳо даст бардоранд.
Ӯ гуфт: «Хизмат нисбати солҳои пеш хела дигаргуна шудааст. аз прокуратура меоянд ва сарбозонро либосҳояшонро кашида баданашонро мебинанд. Вақте дар бадани сарбозон ягон сиёҳиро дид тез худро иқрор мекунад, ки кадом дембл ӯро задаст. Дигар аз дасти «хабаркаш»-и занозани кам шудааст ва сарбозон низ метарсанд нисбати ҳамдигар занозани кунанд.»
Аммо ҳодисаҳои пурсарусадои ахир, дар маврид латту кӯб шудани сарбози ҷавон Шаҳбол Мирзоев ва Акмал Давлатов, дар ҳолест, ки як сарбози қисми ҳарбии муҳофизатии Вазорати дифо Наҷмиддин Қаюмов бо сабабҳои то ҳол норӯшан қасди худкӯши кардааст, баёнгари ин аст, меҳтарсолорӣ дар қисмҳои ҳарби ҳамчунон боқӣ мондаст, ки бештар ҷавонони навдаъватшудагон мавриди озору латукӯб қарор мегирад. [center]Дилафрӯз Самадова
Икром Зоиров
[/center]
Камолиддин Достиев
Мӯҳр