Мусобиқаи байналмиллалии тирапарронӣ, ки таҳти унвони рамзии «Иттиҳод» миёни кишварҳои узви ИДМ тайи 5 рӯз дар шаҳри Хуҷанд идома дошт, ба марҳилаи ниҳоӣ расид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар сабқати тирпарронӣ чанд даста аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар ин сабқат ҳамчунин Набӣ Акрамов, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (собиқадори ҷанги Афғонистон), ки зодаи Тоҷикистон аст ширкат дошт. Маврид ба ёдоварист, ҷаноби Акрамов алъон ба ҳайси мудири шӯъбаи байналмиллалии ДОСААФ-и ИДМ ва сарвари бахши тафтишотии ДОСААФ-и Русия ифои вазифа дорад.
Гуфта мешавад, мусобиқа миёни 5 даста ва 56 нафар сабқатчиён сурат пазируфта, Русия дар ҳисоби даставӣ барандаи мақоми аввал, Қирғизистон ҷойи дуюм ва Тоҷикистон соҳиби зинаи сеюм гардиданд. Дар сабқати тирпарронӣ ҳамчунин 25 нафар бонувон низ ширкат доштанд ва варзишгари тоҷик Сурайё Ҷумаева ғолиби мутлақи мусобиқа эълон гардид.{jathumbnail off}
Мӯҳр