Душанбе: Ҷавонзани 24-сола дар ҷалби духтарон ба фаҳш айбдор мешавад
Як зани 24 солаи тоҷик дар ҷалби духтарон ба фоҳишагӣ муттаҳам дониста мешавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин занро 16 феврал дар пайи як амалиёт боздошт кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, дастгиршуда сокини шаҳри Душанбе буда, моҳҳои январ-феврали соли равон шаҳрвандон Ш.С-и 26-сола, Т. М-и 19-cола ва К. М-и 18-сола, сокинони пойтахтро ба фоҳишагӣ ҷалб намуда, бо мақсади алоқаи ҷинсӣ намудан бо шаҳрванд М. С, соли тавллудаш 1982, сокини Душанбе шинос кардааст.
Бино ба иттилои ВУД, боздоштшуда бар ивази “хизмат”-аш аз М.С барои ҳар зан 300 сомонӣ гирифтааст: “Ин зан қаблан бо моддаи 339 ва 244-и Кодекси ҷиноӣ суд шудааст”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нисбат ба дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |